Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия ба Академияи ВКД

OSH 4325Дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамгироии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия рӯзи 26-уми октябри соли равон, ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Душанбе, ҷиҳати иштирок дар 6-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккилона, маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ташриф оварданд.

Дар ҷараёни сафар ҳайати мазкур аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ боздид намуданд.
Чун анъана аз рӯи суннати меҳмоннавозии тоҷикона меҳмононро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, қаровули фахрӣ ва сардорони ҷузъу томҳои Академия гарму самимона пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон бо роҳбарони ҷузъу томҳои Академияи ВКД оид ба корҳои илмӣ-таълимӣ мулоқот намуда, сипас бо инфрасохтори Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуда, изҳор карданд, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бо санъати баланди меъморӣ барои таълиму тарбияи курсантону омȳзгорон шароити замонавӣ муҳайё намудаанд.
Зимни шиносоӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит чунин иброз доштанд: «мо кӯшиш менамоем, ки дар доираи ҳамкориҳои муштараки ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия корҳои назаррасро дар оянда ба анҷом расонем. Меҳмонон аз дидорбинӣ ва тамошои бинои муҳташами Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таассуроти бузург бардошта, чун суннати меҳмоннавозии тоҷикона бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

OSH 4423
Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...