Конференсияи илмӣ – назариявӣ, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Санаи 22 октябри соли 2021 аз ҷониби кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои ва фавқулода дар якҷоягӣ бо ҶИК-и “Наҷотдиҳандагон”-и ҳамин кафедра ва Шӯрои ҷавонони Академия конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи “Истифодаи босамари захираҳои обӣ ва рушди устувор”, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро, ходими калони илмии шуъбаи адюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки қабули қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид, бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳоле роҳандозӣ гардид, ки дар тамоми рӯи Замин гармшавии саросарии сайёра ва норасоии рӯзафзуни оби тозаи ошомиданӣ ҷараён дорад. Ҳоло дар сайёраамон аз лиҳози дастрасӣ доштан ба оби тозаи нӯшиданӣ аксарияти давлатҳо танқисӣ мекашанд ва ин амал шаҳрвандони ин кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Ҳамаи он ишораҳое, ки дар боло ёд намудем, далели онанд, ки ҷумҳурии мо ҳанӯз мушкилии норасоии оби тозаро дар баробари дигар давлатҳо мувоҷеҳ нагардидааст. Аммо кишвари мо бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззам дар самти дастрасии аҳолии сайёра ба об бетараф набуда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта оид ба об пайваста ташаббусҳо нишон медиҳад.
Баъди суханрониҳои Асламов Бозоралӣ, баромади Асоев Ҳасан – ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзӯи «Арзишҳои экологӣ ва нақши меҳварии онҳо дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» шунида шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур баромад намуданд: Қасобов Л.С., - Дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Айдархонзода Шукрихудо - муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурии факултети №2, подполковники милитсия, Ҳабибзода Ҳокимҷон - муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти калони милитсия ва Акбаров Сайидо - курсанти курси 2-юми Академия.
Бояд зикр намуд, ки доирнамоии чунин чорабиниҳои илмӣ ба болоравии донишу маҳорат ва маърифати ҷавонон, ҷиҳати истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо ва ҳифзи манбаъҳои об мусоидати фаъол хоҳад кард.
Раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия
Ҳабибзода Ҳ.Т.