Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми курси такмили ихтисос

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми мардуми шарифи кишварамонро дар самти созанда ва бунёдкорона, рушди такомули ҷомеа, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, инчунин маърифатнокии мардум ибрози андеша намуд.

OSH 2992

Дар ин радиф дастуру супоришҳои Вазири корҳои до-хилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар ҷаласаҳои селекторӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини қонуният ва тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мунтазам баён мегар-дад.
Дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи реҷаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июли соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ курси такмили ихтисос аз 13-уми сентябри соли 2021 то 13 октябри соли 2021 бо кормандони ҷузъу томҳои Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шариф-зода Ф.Р., бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони РОПҲНҶ олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусиро сафарбар намуданд.
Баъди хатми курси мазкур аз тарафи муовини аввали сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полков-ники милитсия НасуриёН П.А., муовини сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. ва сардори фа-култети №3, н.и.ҳ., подполковники милитсия Амрудинзода М.А., ба хатмкунандагон «Сертификат»-ҳо супорида шу-данд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...