Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки аъзоёни Шӯрои ҷавонони Академия дар чорабиниҳои идона, бахшида ба 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

12 октябри соли 2021 дар толори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.

FB IMG 1634097288700

Ин ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва собиқадорони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 30-юмин солгарди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) табрик гуфта, аз ҷумла афзуд: “Давоми 30 соли фаъолияти худ ИҶТ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ аз ташаббуси пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ва бо дастгирии аксарияти ҷавонони кишвар истифода бурда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро мунтазам дастгирӣ карда, аз ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва таъмини нақши устувори ҷавонони тоҷик дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳамовозӣ намояд”.
Ҳамзамон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Паёми шодбошии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 30-солагии ИҶТ ба ҳозирин расониданд.
Дар охири чорабинӣ изҳороти иштирокчиёни Ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон ироа гардида, онҳо миннатдории хешро ба Сарвари давлат баён намуданд.
Инчунин, беҳоии худи ҳамон рӯз дар муассисаи давлатии амфитеатри “Аҳорун” таҳти унвони “Ҷавонон, Пешвои миллат ва 30-соли соҳибистиқлолӣ” чорабинии идонаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” багузор гардид.
Дар чорабиниҳои мазкур аъзоёни фаъоли “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини сардори Академия, полковники милитсия Собирзода Аловудин ва раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон иштироки фаъолона доштанд.
Ёдовар бояд шуд, ки иштироки аъзоёни Шӯрои ҷавонони Академия дар чунин чорабиниҳо бори аввал набуда, онҳо дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ пайваста иштирок менамоянд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...