Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Печи конвексионӣ бо сӯзиши дубораи боқимондаҳои сӯзишворӣ

639

Бахшида ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз ҷониби муовини сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Муминов А.А. ба маркази миллии патентӣ барои дарёфти патент ихтироот пешниҳод гардида, сазовори натиҷаи мусбӣ шуд. Печи конвексионӣ бо сӯзиши дубораи боқимондаҳои сӯзишворӣ, ки басо манфиатовар хоҳад буд, барои дар фасли зимистон бо истифодаи чӯб ва ангишт гарм намудани хонаҳои истиқоматӣ ва гармхонаҳо пешбинӣ карда шудааст. Ихтироот аз ҳисоби то 75% будани коефисенти кори фоиданокиаш имконият медиҳад, ки дар ҳар як хоҷагӣ дар давраи зимистонгузаронӣ зиёда аз 700 сомонӣ аз ҳисоби сарфаи ангишт фоида ба даст оварда шавад.

Нусхаи аслии печ дар маркази инноватсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, таҳти озмоишҳо қарор дорад. Дастгоҳи мазкур аз экспертизаи экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб арзёбӣ шуда, инчунин дастгоҳи мазкур дар СХДО ВКД ҶТ низ аз ташхис гузашт. Аз натиҷаи ташхис маълум гардид, ки печи конвексионӣ бо сӯзиши дубораи боқимондаҳои сузишворӣ ба талаботи зиддисухторӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...