Мизи мудаввар дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Алҳол дар ҷумҳурӣ соҳаеро ёфтан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Ин гуфтаҳо аз ҷумла, ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ дахл дорад. Аз ин ҷост, ки яке аз самтҳои асосии соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад, ки он ба соҳаи мустақили ҳуқуқ табдил ёфтааст ва ба ин ҳайс шинохта шуда, дорои заминаи пурраи ҳуқуқӣ гардидааст ва дар шуъбаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои Олӣ ва махсусӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта мешавад.
Тибқи низомнома «Оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар факултети №4 ҷамъиятҳои илмии курсантон амал мекунад, ки роҳбарии онҳоро омӯзгорони кафедраҳо ба уҳда доранд. Бояд зикр намуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон васидаи муҳимӣ баланд бардоштан ва тайёр намудани мутахассисон ба шумор меравад. Ин имконият медиҳад, ки мутахассисони дорои маълумоти Олӣ дошта, қобилияти бештар самаранок ва эҷодкоронаи худро дар фаъолияти амалӣ, комёбиҳои навтарини тараққиёти илму техника истифода баранд. Васеъ ҷалб намудани курсантон ба корҳои илмӣ-тадқиқоти барои бартараф намудани мушкилоте, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодааст, мусоидат менамояд.
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбии курсантон мутобиқи нақша чорабиниҳои факултети №4 рӯзи 5-уми октябри соли 2021 миззи мудаввар дар мавзӯи «Баъзе ҷиҳатҳои бавуҷудоӣ ва ташкилёбии таърихӣ-ҳуқуқии шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Вобаста ба амалӣ гардонидани нақшаи зикргардида аз тарафи сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф дар мавзӯи «Баъзе ҷиҳатҳои бавуҷудоӣ ва ташкилёбии таърихӣ-ҳуқуқии шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар Осиёи Миёна солҳои 1918-1924» ва курсанти курси 4-уми гурӯҳи 402 қаторӣ Мирзоев Р. дар мавзӯи «Мафҳум, моҳият ва аҳамияти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» маърӯза шунида шуда, саволу ҷавобҳо дар доираи мавзуи матраҳшаванда ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин слайд ва наворҳои оперативӣ доир ба таърихи ташкилёбии РКҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Дар охир аз тарафи муовини сардори факултети №4-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, полковники милитсия Мухамадиев Н.Б. чорабини ҷамбаст карда шуд.
Муаллими калони кафедраи
Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ,
майори милитсия Ибрагимзода Ҷамшед,
Сардори кабинети
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ,
капитани милитсия Ализода Акмалҷон.