Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
«Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад», бо чунин суханони ҷаззобу волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода З.А. ҳусни оғоз бахшид.
Дар конференсия олимон: Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода, мудири кафедраи таърихи забони тоҷикӣ ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология Шарипова Фарангис, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Сайидмурод Хоҷазод, сардори кафедраи забонҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология, полковники хизмати дохилӣ Худоиева Наргис, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология, дотсент Анварӣ Сулаймон суханронӣ намуданд.
Олимон - иштирокчиёни конференсия дар мавзӯъҳои гуногун, аз таърихи забони тоҷикӣ то ташаккули забон дар замони истиқлол ибрози андеша намуданд. Бахусус мавзӯъҳои: «Мавқеи забони тоҷикӣ дар масири таърих», «Пешвои миллат оид ба азамат ва шукуҳи забони тоҷикӣ», «Бозтоби масъалаҳои мубрами забон дар асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Забони миллат - ҳастии миллат», «Ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу бум дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Бозтоби арзиши сухан дар осори хаттӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорони ин чорабинӣ ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Курсантони Академияи ВКД аз осори шоирони классику муосир дар бораи забони модарӣ шеърҳо қироат намуданд.
Фатҳуллозода Интизор