Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои оперативӣ

626

627Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафедраи ташкили тактикаи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6-уми Академияи ВКД 5-уми октябри соли 2021 дар толори фарҳангии Академияи мазкур конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси воҳидҳои оперативӣ дар мавзӯи «Таъсис ва рушди воҳидҳои оперативии ВКД ва нақши онҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ» баргузор гардид.
Дар кори он муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД полковники милитсия Саидзода Шоҳрух, кормандони дастгоҳҳои оперативӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академия ширкат намуданд.
Бо садо додани Суруди милиии Ҷумҳурии Точикистон конференсия кори худро оғоз намуда, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо иштирокчиёни онро бахшида ба рӯзи кормандони самти оперативӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ табрик гуфта, комёбиҳои дастгоҳҳои оперативиро дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолият, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза ва ошкор намудани ҷиноятҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки кормандони оперативӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ дастгирии ҳаматарафа меёбанд. ВКД яке аз ташаббускорони озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» буда, дар он кормандони милитсия малакаю маҳорати баланди касбӣ нишон медиҳанд.
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат баҳри суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ сардори РКҶ ВКД полковники милитсия Саидзода Шоҳрух баромад намуда, сухани табрикӣ ироа намуд.
Бо Фармони ВКД як қатор фаъолони оперативӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Фармонро оид ба ҳавасмандгардонӣ муовини сардори РК ва КҲШ ВКД Мусозода М. қироат намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолони оперативӣ мукофотҳо супорида шуданд. Сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тамоми иштирокчиён, меҳмонон, кормандони оперативиро бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

628629630

Дар фарҷом ба иштирокчиёни конференсия барномаи идонаи фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки дар он ҳунармандони маъруф Тобиши Ҳилолӣ ва Фаридун Иброҳимзода бо сурудҳои ватандӯстона табъи иштирокчиёнро болида намуданд.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...