Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти мунтахаби донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар мусобиқаи футболи хурд

623

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-ум то 24-уми сентябри соли 2021 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд байни донишҷӯ духтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд барои дарёфти “Ҷоми ректори МДТ" Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” доир гардид.
Рӯзи 28-уми сентябри соли равон маросими ҷамъбасти мусобиқа дар майдончаи футболи “Хуррамшаҳр”-и донишгоҳ бо иштироки ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” профессор Ҷамшед Ҷӯразода, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Дилшод Давронзода ва ҳайати дастаҳо доир гардид.

Ректори донишгоҳи ДДХ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Дилшод Давронзода доир ба таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, татбиқи бо самарии сиёсатӣ давлатӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, нақши ҷавонон дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози назар намуданд.

624625

Дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои ишғоли ҷойи якум, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ барои гирифтани мақоми дуюм, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва факултети 4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойи сеюм ғолиби мусобиқа дониста шуда, ҳайати дастаҳо ва мураббиён бо ҷом, диплом, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳи давлатии Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи футболи хурд байни бонувон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон маҳсуб меёбад.

Очилзода М.О., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...