Тамошои намоишнома дар театри ба номи А.Лоҳутӣ
Баҳри баланд бардоштани маърифат ва сатҳи фарҳангии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, иҷрои саривақтии бандҳои нақша-чорабинихои асосии Академияи ВКД, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шунавандагони факултети №3 ба тамошои дастаҷамъонаи намоишномаи театри академикӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ рафта, намоишномаи «Шикори шер»-ро аз рӯи асари драматурги мисрӣ З.Ҷиргӣ дар таҳияи коргардони театри мазкур Султон Усмонов бо мароқ тамошо намуданд.
Сюжа ва мазмуни намоишномаи театрӣ ба онҳо писанд омада, аз тамошои он завқи баланди эстетикӣ бардоштанд. Аз ҷониби роҳбарияти Академия, бахусус сардори Академия номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ чунин чорабиниҳои фарҳангӣ давра ба давра амалӣ карда мешаванд, ки дар тарбияи худшиносии омӯзгорон ва шунавандагони Академия нақши муҳим мебозанд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.