Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар он-лайн конфренсияи байналмилалӣ дар доираи Шӯрои ВКД ИДМ

618Конференсияи III-юми илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Стратегические аспекты сотрудничества органов внутренних дел (полиции) стран Содружества в противодействии транснациональной преступности в контексте развития информационного общества» дар доираи Шӯрои ВКД ИДМ бо нишаст дар Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш. Москва ба номи В.Я.Кикот, бо иштироки намояндагони ВКД давлатҳои ИДМ, олимону мутахассисони соҳаи киберҷиноятҳо, кормандони амалии сохторҳои оперативӣ, намояндаггони ширкатҳои ғайридавлатӣ “Лаборатория Касперского”, ширкати “Сеуслаб” ва донишгоҳҳои Федератсияи Россия, инчунин, дигар мутахассисони мақомоти корҳои дохилӣ (политсия), ташкилотҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои ИДМ, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроия ва мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо истифода аз шабакаи “Интеренет” ва барномаи баргузор кардани конференсияҳо ба тариқи фосилавии “ТryConf” гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ намояндаи Академияи ВКД - Арипов А.Л. – сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия бо маърӯза дар мавзӯи «Сотрудничество ОВД государств – участников СНГ в противодействии преступности в контексте развития информационного пространства» (ба забони русӣ) баромад намуд.
Конференсия дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 1 октябри соли 2021, аз соати 12:00 то 16:00-дақиқа бо вақти Душанбе давом кард.
Муҳокимаи масъалаҳои дар форум баррасишударо ҷамъбаст намуда, иштирокчиёни конференсия резолютсияро қабул намуданд, ки аз 4 қисм ва 9 фасл иборат мебошад.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...