Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули Савганди курсантони Академияи ВКД

610

Сарчашмаи асосии ҳуқуқ нишон медиҳад, ки ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас барои кулли шаҳрвандон ба шумор рафта, ҳама дастаҷамъона дар ҳифзи он ҳам кормандони МКД, дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳар як шахси ватандӯст ба таври фаъол иштирок намоянд. Хизмат дар МКД низ ин яке аз намудҳои ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ва Савганди хеш мебошад. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният ин вазифаҳое, ки дар назди кормандони МКД гузошта шуда, ба ташаккули ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Матни Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.1995 таҳти №167 тасдиқ гардидааст.
Дар асоси дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 25-сентябри соли ҷорӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р, роҳбарият ва ҳайати шахсии Академия, ва волидайни курсантон маросими тантанавии қабули Савганди курсантони курси якум баъд аз гузаштан аз давраи машкҳои таълимӣ-саҳроӣ баргузор гардид.

611612613

Маросимро сардори Академия оғоз намуда, Суруди миллии Тоҷикистон ба таври зинда хонда шуд. Баъд аз воридшавии Байрақи Академия сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р,дар баромадаш аз номи Вазири корҳои дохилӣ курсантонро ба муносибати Рӯзи қабули Савганд самимона шодбош намуда,аз ҷумла иброз намуд,ки дар шароити ҳозира низ милитсия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба садоқат ба Савганд дар сафҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор доранд. Имрӯз шаклҳои ҷинояткорӣ мураккаб шуда истодаанд, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра, ки ҳар чӣ зиёд аз кормандон дониш, малака ва маҳорати касбӣ талаб менамояд. Савганд – ваъда, қасами ботантанаи риояи садоқат ба Ватан, ифодаи вазифаи олии маънавии инсон дар чамъияти демократӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан курсантон дар вазъи тантанавӣ Савганд қабул намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби курсантони курси якум машқҳои якҳарба ва тактикӣ намоиш дода шуд.

Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.