Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯ духтарони вилояти Суғд

565

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни донишҷӯ духтарони донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои вилояти Суғд дар Маҷмааи варзишии Хуррами Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бозиҳои нахустини мусобиқа доир гардид. Мусобиқаи мазкур бори нахуст доир гардида, аз 21-ум то 24-уми сентябри соли ҷорӣ идома ёфт. Гуфта мешавад, ки чунин иқдом дар оянда низ роҳандозӣ мегардад.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи намуди варзиши футболи хурд байни бонувон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстии донишҷӯён арзёбӣ гардид.
Ғолибони мусобиқа бо Ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Идомаи мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯ духтарони вилоят
Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, тайи се рӯзи охир футболи хурд байни донишҷӯ духтарони вилояти Суғд дар Маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр идома дорад.

566567

Рӯзи 23-юми сентябр миёни дастаҳои футболи ДДҲБСТ, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва факултети №4-и Академияи ВКД дар вилояти Суғд бо ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар майдон сабқат намуданд. Мусобиқаи мазкур давоми ҳафта идома ёфта, санаи 28-уми сентябр ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқа бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Очилзода М. - сардори кафедраи омодагии касбӣ ва
ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Олимзода М.А. – сардори кабинети кафедраи омодагии касбӣ
ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия.
Носиров А.Н. – корманд мутахассиси кафедраи ҳарбӣ-хизматии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти хурди милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...