Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷалби курсантони факултети №4 ба маҳфилҳои илмии кафедра

564

Рӯзи 21-уми сентябри соли 2021 бо иштироки устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: сардори кафедра, полковники милитсия Раҳимзода Р.Р., дотсентони кафедра полковники милитсия Мақсадзода О.И., полковники милитсия Муллобоев М., муаллимони кафедра: майори милитсия Муҳаммадзода Н., лейтенанти калони милитсия Ҳасанзода Ҷ.Ҳ. ва лейтенанти калони милитсия Зарифзода Б. фаъолияти Ҷамъияти илмии курсантон, яъне маҳфили «Ҳуқуқшинос» ба кори худ шурӯъ намуд.

563

Сараввал ба фаъолияти маҳфили зикршуда сардори кафедра полковники милитсия Раҳимзода Р.Р. ҳусни оғоз бахшида, доир ба нақшаи тасдиқгардидаи маҳфил, номгӯи мавзӯҳои маҳфил, ҳайати азоён ва ҳадафи он ибрози ақида намуда, оиди интихоби роҳбар, котиб, ҳайати таҳририи маҷаллаи девории ҳуқуқшинос ва мӯҳлати иҷроиши он суханронӣ намуд. Доир ба баргузории маҳфил дар ин ҷаласа курсантони зерин Мирзоев Р., Раҷабова М., Исмоилов Ҷ. ва дигарон оид ба пешбурди фаъолияти маҳфил суханронӣ намуда қайд карданд, ки мавҷудияти чунин маҳфилҳо баҳри баланд бардоштани савияи дониши онҳо кӯмак хоҳад намуд.

Ҳасанзода Ҷ.Ҳ., роҳбари илмии маҳфили

«Ҳуқуқшинос»-и кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва

мурофиавии факултети №4-и Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...