Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо курсантон дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ

555

14-уми сентябри соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо курсантони дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ қарор дошта, муовини аввали сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., сардори факултети №2 н.и.ҳ., полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. ва корманди Раёсати амнияти дохилии ВКД полковники милитсия Ёрализода Ҳ., вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар рафти он аз ҷараёни гузашти ҷамъомад боздид намуда, ҳамзамон бо курсантон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он муовини аввали сардори Академия полковники милитсия Насуриён П.А. ба курсантон дар хусуси риояи қатъии интизом, реҷаи рӯз, қонуният ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба донишомӯзӣ, роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон ба курсантон сардори факултети №2-юми Академияи мазкур Сафарзода Ҳ.С. оид ба таҳдидҳои муосир, бахусус терроризм ва экстремизм дар ҳар гуна шаклҳои он, тарзу усулҳои шомил кардани ҷавонон бо ҳар гуна роҳу воситаҳои барадурӯғ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ ва огоҳ будани ҷавонон дар ин бора баромад намуд.
Дар вохӯрӣ корманди Раёсати амнияти дохилии ВКД полковники милитсия Ёрализода Ҳ. оид ба риояи қонуният, роҳ надодан ба вайрон кардани интизом ва амалҳои коррупсионӣ суханронӣ намуд.

554556557

Аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ, ки дар ин сафар ҳамроҳ буданд, дар асоси нақшаи таълимӣ ба курсантон дар ниммаи аввали рӯз машғулиятҳо оид ба муқаддимаи ихтисос гузаронида шуданд. Дарсҳо дар бораи хусусият ва мазмуни самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ – фаъолияти тафтишотӣ, фаъолияти маъмурӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, н.и.ҳ., подполковники милитсия Арипов А.Л. ва омӯзгорон Ғафурзода Д.А., Нурализода Ш.Н., Алимзода Д. гузаронида шуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...