Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди устодони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз РВКД дар ВМКБ

553

Дар толори РВКД дар ВМКБ ҷаласаи навбатӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ, устодони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии полковники милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Носир Ҷобир баргузор гардид.
Ҷаласаро сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тагоймурод ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар Раёсати ВКД дар ВМКБ бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро озмуни фаъолияти оперативии ҷустуҷуӣ байни мақомотҳои барандаи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷуӣ ва муайян намудани беҳтарин кормандон дар самти мазкур бо иштироки масъулини Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Мавсуф қайд дошт, ки кормандони беҳтарин, ки аз худ маҳорату малака ва дониши хубу мукаммалро нишон медиҳанд, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори РВКД дар ВМКБ бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки имрӯз барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии ВМКБ дарсҳои амалӣ ва озмунҳои самти фаъолияти оперативӣ-хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ карда шудаанд, ки маҳз аз дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад.
1909Полковники милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Носир Ҷобир зимни баромад аз меҳнатҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон барои мардуми кишвар ёдоварӣ намуда, кайд кард, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи бо ору номуси кишварамон имрӯзхо дар ватани азизамон тинҷию оромӣ ва сулҳу субот таъмин мебошад. Инчунин аз дастовардҳои даврони 30-соли соҳибистиқлолии кишвар, сохта ба истифода додани биноҳои маъмурӣ ва баландошёна, сохтмон ва таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди кишвар, пойдории сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон сухан намуд.
Сардори РВКД дар ВМКБ барои гузаронидани чунин дарсҳои амалӣ ва озмунҳои беҳтарин ба масъулини ВКД минатдории худро баён намуд.
Баъди анҷоми ҷаласа устодони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гӯшаи китобҳо, ки бо асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Раёсат ҷой гирифтаанд, диданд намуданд.
Сипас масъулини ВКД аз толори хурди РВКД дар ВМКБ дидан намуданд, ки аз тарафи кормандони РВКД бо истиқболи гарм пешвоз гирифта шуда, матнҳо ва шеърҳои ватандӯстона бо забонҳои тоҷикию англисӣ қироат карда шуданд.
Ҳамзамон устодони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як теътод китобҳои самти фаъолияти хизматиро туҳфа намуда, аз Китобхонаи РВКД дар ВМКБ дидан намуда, қайд доштанд, ки ҳайати шахсӣ бояд пайваста ба мутолиаи китобҳои самти фаъолияти хизматӣ ва асарҳои шоирону нависандагони муосиру классик ва ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани малакаи дониши худ диққати зарурӣ равона созанд.

19101911

Қайд гардид, ки барои ғанӣ гардонидани феҳристи китобҳои Китобхонаи РВКД дар ВМКБ аз ҷониби Академияи Вазорати корҳои дохилӣ китобҳои зарурии фаъолияти хизматӣ дастрас хоҳанд гардид.

Далер Чоршанбе, майори милитсия,
Рудоба Чаманова, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...