Чорабинии тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба ҷашни Истиқлол
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД ва тасмими шуъбаи кадрҳои ин даргоҳи олии таълимӣ 8-уми сентябри соли 2021 дар толори фарҳангӣ чорабинии тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ширкати сардори Академия, роҳбарият, собиқадорон курсантон, омӯзгорону кормандон баргузор гардид.
Нахуст ба муносибати ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиклолияти давлатӣ Сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ маърӯза намуда, аз дастовардҳои 30-соли Истиқлолияти давлатӣ, фазои сулҳу суботи комили сиёсии кишвар бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дода, ҳозирин ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният намуд. Сипас кормандони фаъол, собиқадорон бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академия бо мукофоту тӯҳфаҳо, медалҳои ҷашнӣ, Сипосномахо қадрдонӣ гариданд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Академия консерти идона бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пешкаш гардид, ки мазмуну муҳтавои он саршори муҳаббат ба Ватан, Парчами давлатӣ, Пешвои миллат ва сулҳу суботи кишвар буд.
Чорабинии тантанавӣ ва консерт бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар фазои идона баргузор гардида, рӯҳияи иширокчиёни онро хеле болида намуд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.