Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабини тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

547

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2021 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент полковники милитсия Одиназода А.Ш., баромад намуда қайд намуд, ки сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем»

548549

ИИнчунин сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машваратии қисми таълими факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия Самадзода И.А., дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳо» суханрони намуд. Ӯ дар баромади худ қайд намуд, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои аҳли башар намунаи ибрат гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир пазироӣ шуд. Воқеан, амали гардидани сиёсати ваҳдати миллӣ пеши роҳи хатари нобудшавии кишвари кӯҳанбунёдро гирифта, барои таҳкими ҳокимият ва истиқлолият асоси устуворро гузошт. Аз ин лиҳоз истиқлолият неъмати бузург буда, бунёди пояҳои устувори давлатдорӣ, тобоварӣ ба имтиҳони душвори рӯзгори мустақил, роҳандозии иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демократиро дар назар дорад. Моҳияти асосии истиқлолият ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри шаҳрванд ва инсон ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, то соҳибу ҳомии марзу бум ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад.
Баъдан бахшида ба ҷашни Истиқлол бо ташаббуси кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ мусобиқаи варзишӣ байни курсантон ташкил ва гузаронида шуда, ғолибон дар чорабинии мазкур бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

550551

Дар охир ҷамъомади тантанавӣ бо гузашти расмии ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда ба охир расид.

Самадзода И.А., - сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машваратии қисми таълими факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия.
Муминӣ А.Б., - сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти милитсия.
Муродӣ Б.А., - сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия.
Абдуллозода Ф., - муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия.
Олимзода М.А., - сардори кабинети кафедраи омодаги касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти хурди милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...