Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ - бузургтарин дастоварди миллати тоҷик

546

Сӣ сол муқаддам яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Дар дарозои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту як сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.
Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.
Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурд.
Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати сидқидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар партави ин санади зиндагисоз Ҳукумати кишвар бо сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон боз ба чунин нуктаҳои талаботи Конститутсия эътибори махсус ва ҷиддӣ дод:
1. Пеш аз ҳама, таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар қаламрави мамлакат, ки онро истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид;
2. Дуюм, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати озодонаи ҳар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоҳҳо, ҳунаромӯзӣ ва гирифтани табобати бепул дар муассисаҳои тиббӣ;
3. Сеюм, таъмини озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни маскуни кишвар, истифодаи забони модарӣ дар зиндагӣ ва тадрис, ҳаракат ва алоқаи бемамониат, ки ин ҳама бо роҳи шароити васеъ фароҳам овардан ба амали забонҳои гуногун дар қаламрави мамлакат, ривоҷи соҳибкорию тиҷорат дар тамоми нуқтаи олам ва пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар тавассути бунёди шоҳроҳҳо ба амал бароварда шуданд;
4. Чорум, таҳкими ҳуввияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати худшиносию худогоҳӣ, расму оини аҷдодӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, ки ин ҳама тавассути таҷлилу бузургдошти ҷашнҳои таърихию миллӣ ва симоҳои оламшумул амалӣ гардид;
5. Панҷум, таъмини озодии виҷдон, матбуот, афкору андешаи ҳар сокини мамлакат ва ғайра.
Соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Бахусус дар замони ҳодисаҳои чашмнодида ва гӯшношуданидаи катаклизми умумиҷаҳонӣ, ки мамолики гуногуни олам аз офатҳои табиию бемориҳои вогир ва нарасидани озуқаю оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар мамлакати рушдёбандаи мо ҳам соли гузаштаю соли равон чунин ҳодисаҳо рух доданд. Вале давлат нагузошт, ки шаҳрвандонаш бе хонаю ҷой, бе сарпаноҳу бе озуқа монанд. Дар муддати кӯтоҳ ҳам барои сокинони Кӯлобу ҳам барои сокинони Айнию Панҷакент биноҳои замонавии муҷаҳҳаз сохта, бо тамоми ашёи рӯзгор ба истифода дода шуданд.
Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Душвортарин муаммои мо дар зарфи бист як сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони туннели Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтӯда-2», як қатор нерӯгоҳҳои хурд дар мӯҳлатҳои наздиктарин ба кор медароянд. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон бо суръат идома доранд. Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак ва нақби Шаршар ба истифода дода шуданд.
Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Чунонки таъкид гардид, ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва сарвари давлат пайваста талош меварзид, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.
Хушбахтона, чунин рӯз ҳам фаро расид: 27 июни соли 1997 дар Москва – пойтахти Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.
Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Президент аз ҷумла мегӯянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».
Ба тамоюлҳои ғаразнок иқдомоти созандаро роҳбарияти давлати мо муқобил гузошта, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Чунончӣ, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оби тоза эълон намудани соли 2003 басо рамзӣ буд. Ҳамин тавр, паси ҳам саъю эҳтимоми мамлакати мо дар муқаррар шудани «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» ва ҷонибдорӣ ёфтани таклифҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тозагии муҳити зист ва ҳифзи сайёра дастовардҳое буданд, ки мавқею манзалати кишвари моро дар арсаи олам муқаррар менамоянд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Озодии виҷдонро Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Ба тамоми мардуми эътиқодманди кишвар маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳақиқии барпо кардани ҷашнҳои 1310-солагии роҳбари мазҳаби ҳанафӣ Ҳазрати Имоми Аъзам, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, шайхҳои бузург Камоли Хуҷандӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Имом Fаззолию Имом Бухорӣ ва дигарон мебошад. Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷаста дар тарбияи маънавии халқ, бахусус насли наврасу ҷавон аҳамияти калон доранд. Аз ин лиҳоз ҳар иду маросим ҳадафҳои махсуси худро дорост ва бешубҳа ба ягонагии рӯҳию маънавии ҷомеа, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон, наҷобати хайрхоҳию ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқати одамони касбу кори гуногун бетаъсир нахоҳад монд.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.
Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша таъкид мекунанд: «Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем.
Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем.
Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».
Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳкиму густариш меёбанд.
Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.
Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳан-гии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст. Бо назардошти ин, мо роҳи густариши муносибатҳои бозорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро пеш гирифта, дар ин самт тадриҷан ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаем.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ як қатор корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд ва ҳоло мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд. Дар ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ корхонаҳои азими коркарди пахта фаъолияти худро сар карданд. Дар назди ин корхонаҳо коргоҳҳои бофандагӣ, нассоҷӣ низ амал мекунанд, ки барои натиҷаи ниҳоӣ шароит фароҳам меоваранд.
Татбиқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2009 имкон доданд, ки густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва сатҳи баланди зиндагии мардумро тадриҷан таъмин гардонем.
Дар соҳаҳои илму маориф, тиб, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ як силсила ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятнок муайян карда шудаанд. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар натиҷаи ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардани беш аз 50%- и буҷети давлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба бунёд, таъмир ва аз навсозии инфраструктураи иҷтимоии соҳа пешравиҳои назаррас мушоҳида карда мешаванд.
Ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбиқ ва риояи қатъии конуни мазкур расму ойинҳо ва маъракаороиҳо ба тартибу низом ва меъёри муқарраршуда дароварда шаванд.
Мо бо амалӣ намудани сиёсати рушди устувори иқтисодӣ мақсад дорем, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тадриҷан беҳтар шудани сифат ва сатҳи зиндагии мардум муваффақ шавем. Бовар дорем, ки дар давоми чанд соли наздик ба ҳалли ин масъалаҳо ноил мегардем.
Дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.
Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 21-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерӯю дониши худро дареғ намедоранд.
Соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти баландшиддати интиқоли барқии 500 кВт “Ҷануб – Шимол” сохта, ба истифода супорида шуд, ки дар таъмин гардидани истиқлолияти энергетикии вилоят басо роли муҳим мебозад. Дар баробари ин сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқии 220 кВт “Хуҷанд – Айнӣ” натиҷаҳои хуб дод. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Вобаста ба иҷрои супориши Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф тадбирҳо андешида шуда, дар ҶСШК “Чароғ”-и шаҳри Исфара ва коргоҳи “Сомон”-и шаҳри Чкалов соли 2010 истеҳсоли лампаҳои каммасраф ба роҳ монда шуда, дар маҷмeъ 120 ҷойҳои кории нав таъсис гардонид. Соли 2006 таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ» ва сохтмони нақби Шаҳристон бо арзиши 296 млн. доллари ИМА оғоз гардида, дар масофаи 354,1 км ба анҷом расонида шуд. Сохтмони нақби Шаҳристон бо суръат ҷараён гирифта, охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.
Дар баробари истифода аз сармояи хориҷӣ, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда аз буҷети вилоят низ барои таҷдиди роҳҳои қаламрави вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда истодааст. Соли 2008 барои таъмири роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Ғафуров» – 6,2 млн. сомонӣ, соли 2009 барои роҳҳои автомобилгарди шаҳри Чкалов – 7,0 млн сомонӣ, соли 2010- барои роҳҳои автомобилгарди шаҳри Хуҷанд – 8 млн. сомонӣ ҷудо карда шуданд.
Дар ин давра дар вилоят сохтмон ва таъмиру тармими садҳо иншоотҳои истеҳсолӣ, маданию маишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва барқароркунии роҳҳою кӯпрукҳо, иншоотҳои мавриди истифода ба роҳ монда шуданд, аз ҷумла варзишгоҳ барои 25 ҳазор нафар, муҷассамаҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ беморхонаҳои эндокринологӣ ва гемотологии бачагона, маркази вилоятии солимгардонии шараёни дил, хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллӣ дар “Боғи Ваҳдат”-и ноҳияи Б.Ғафуров, литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов, мактабҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ғайраҳо вусъат ёфтанд.
Ба муносибати ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншоотҳои ҳаётан муҳим, ба мисли “Ҳавзи шиноварӣ”, “Кохи матбуот”, хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи истироҳатию солимгардонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор дода шуд.
Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави вилоят бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 200 иншоот дар назар аст. Дар роҳи иҷрои яке аз самтҳҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон – аз бумубасти коммунакатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар нақби Шаҳристон дар моҳи сентябр мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки иҷрои ин амал дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми кишвар таъсири мусбӣ хоҳад гузошт. Ҳамчунин оғози корҳои таъмиру азнавсозии роҳи нақлиётгарди Айнӣ – Панҷакент идомаи ин самти муҳими сиёсӣ ба шумор меравад, ки иҷрои ин корҳо танҳо бо шарофати оромии кишвар ва меҳнати бунёдгаронаи ҳар сокини диёр ба мо насиб гаштааст. Сокинони вилоят хуб медонанд, ки таъмири азнавсозии қасри сулҳовари «Арбоб» дар арафаи анҷомёбист ва он симои худро куллан дигаргун намуда, ба як маркази муҳими фарҳангию фароғатӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтааст. Дар подоши ғамхорию дастгириҳое, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат нисбати соҳибкорон иброз гардида буд, соҳибкорони бонангу ор ва бо саховату бунёдкори вилоят ба чанд иқдоми наҷиб аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фароғатӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, варзишгоҳҳо, мағозаву марказҳои савдо машғул шудаанд, ки иҷрои ин амалҳо дар баробари симои маҳал ва марказҳои аҳолнишинро дигаргун намуданд, барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва фаровонии маҳсулот мусоидат хоҳад кард. Мардуми вилоят тасмим гирифтаанд 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистонро низ бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва таъмини нақшаю ӯҳдадориҳои меҳнатӣ сазовор таҷлил намоянд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХ1 ва ҳазорсолаи сеюм барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтанием:
Бигузор иди 30 - солагии Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Самадзода И.А., - сарнозири маркази бақайдгирӣ ва

машваратии қисми таълими факултети№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия.

Муминӣ А.Б., - сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва

такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...