Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ

542

Рӯзи 3-юми сентябри соли 2021 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ - заминаи асосии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ», бахшид ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар кори конференсия, олимону муҳаққиқон, коршиносони масоили сиёсӣ, омӯзгорон, аз ҷумлаи Зубайдулло Давлатов - сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолият масири рушди давлату миллат»; Зоир Ҷурахон Маҷидзода - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзӯи «Даъватҳои муосири раванди ҷаҳонишавӣ ва омодагӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ»; Абдураҳмонзода Раҷабмад Ашур – муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ, сардори шуъбаи илмӣ ҳарбӣ, н.и.с, полковник дар мавзӯи «Пешвои миллат ва рушди илми ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолӣ»; Равшаналиев Фируз – раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастовардҳои замони истиқлол»; Раҳмонзода Азимҷон – муовини аввали сардори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзӯи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ»; Назарзода Акмал Шодмон - Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи « Истиқлолият ва асосҳои ташаккулёбии он дар Тоҷикистон»; Имомов Ҳумоюн Шарофиддинович – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ чун арзиши ҳуқуқӣ - конститутсионӣ»; Асламов Бозоралӣ.- ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи « Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ: ҷанбаи таърихӣ»; Муҳаммад Саъдӣ - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши рамзҳои сиёсӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ»; Бойзода Ҷамшед - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, полковники милитсия, дар мавзӯи «Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор: марҳилаҳои асосии ташаккул ва инкишоф дар замони соҳибистиқлолӣ»; Самиъзода Бахтиёр – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Ваҳдат омили асосии таҳкими Истиқлолият»; Гадозода Муҳаммадшариф. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, н.и.ф, майори милитсия, дар мавзӯи «Рушди забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ»; Расулзод Лоиқ. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД капитани милитсия, дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои таҳкими давлати муосири Тоҷикистон» ва дигар меҳмонон ширкат варзида, бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

543544

Дар суханронӣ ва баромадҳои мазкур қайд гардид, ки Истиқлолият, Ваҳдат аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша баҳри пойдорӣ ва бақои чунин неъматҳо кӯшиш ба харҷ додаст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар чунин раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, моро ҳарчи бештар зарурат пеш меояд, ки атрофии андешаҳои давлатсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирди ҳам омада, баҳри нигоҳдошти арзишҳои милливу давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Бояд қайд намуд, ки омӯзиши масъалаҳои Истиқлолияти сиёсӣ дар шароити давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти муҳими илмию назариявӣ ва сиёсию амалиро касб намудааст. Тадқиқу таҳлил ва хулосагирӣ аз раванду ҳодисаҳо низоми оғози раванди Истиқлолитяти Тоҷикистон, монеаҳо ва нерӯҳои пешбар, тадқиқи амиқу ҳамаҷонибаи инкишофи он ба предмети махсуси илмҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд. Воқеан, раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи Истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.
Дар формати кори конференсия доир ба баъзан масоили ҳалталаби Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи ҳифзи Истиқлолият, инчунин ба ҳайси унсури муҳимтарини давлатдории миллӣ дар зеҳни ҷавонон ҷой намудани ин арзиш, дарки воқеии дастовардҳои замони Истиқлолият аз ҷониби шаҳрвандон, дарёфти механизмҳои муаррифии чунин дастовардҳо ба ҷаҳониён, шинохти Ваҳдат ҳамчун омили таҳкимбахши Истиқлолият, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навин ва ҷойгоҳи ин шахсияти таърихӣ дар ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар паҳлӯҳои мубрами масоили шинохти Истиқлолият мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодоти муайян низ манзур гардиданд.
Дар ин замина пешниҳод гардид, ки натиҷаҳои кори конференсияро дар шакли маводи чопӣ ба табъ расида, пешниҳодоти манзургардида бошанд коркард шуда, дар шакли алоҳида ба шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашр дастрас карда шаванд ва дар ҷараёни таълим аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.

Самиъзода Б.С., подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...