Дарси кушод аз фанни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Барои баланд бардоштани савияи дониши курсантон ва омӯзгорони Академияи ВКД дар асоси дастури Вазири корҳои дохилӣ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ аз 1-уми сентябри соли 2021 дар Академияи ВКД, санаи 2-юми сентябри соли 2021 аз ҷониби сардори шуъбаи адъюнктураи Академия н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М. дар синфхонаи шуъбаи адъюнктура бо истифодаи таҷҳизоти аёнӣ ва техникӣ дарси кушод аз фанни ФОҶ бо курсантони гурӯҳи 507-уми факултети №2 гузаронида шуд.
Дарси кушод дар дар дараҷаи баланди методӣ-педагогӣ ва ташкилӣ баргузор гардида, аз ҷониби роҳбарият ва ҳозирин баҳои мусбӣ гирифт. Курсантон низ дар дарси кушод фаъолнокӣ нишон доданд.
Чунин тадбирҳои муҳими таълимӣ аз ҷониби муовини аввали сардори Академия ва шуъбаи таълим мунтазам тахти назорат ва иҷрои саривақтӣ қарор доранд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.