Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

537

538Тибқи супориши роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин навбат низ роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо гузаронидани Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки ҳамасола рӯзи 1-уми сентябр доир мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ин рӯз дар Академияи ВКД бо ҳайати омӯзгорону курсантон ва шунавандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вохӯрӣ гузаронид.
Вазири корҳои дохилӣ, сараввал устодону курсантон ва шунавандагонро бо Рӯзи дониш ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, ба онҳо фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш таманно намуд.
Рамазон Раҳимзода аз иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки ҳамасола бо дарси сулҳ оғоз намудани соли нави хониш дар кишвари мо ба яке аз анъанаҳои нек табдил ёфтааст.
Номбурда дар такя ба ин суханронии Пешвои миллат, ки рӯзи 1-уми сентябр сурат гирифт, зикр намуд, ки давлатро кадрҳои донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпарвар обод мекунанд. Ватан ва давлатро ҳаргиз бо ҷаҳлу бесаводӣ пеш бурдану соҳибӣ кардан имкон надорад. Зеро ҷаҳолату бесаводӣ фақат бадбахтиву нокомӣ меоварад. Ҳадаф аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи ҷавонон, аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имкониятҳои мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар рафти суханронии хеш қайд намуд, ки нисбати курсантоне, ки ба таҳсили шакли шартномавӣ фаро гирифта шудаанд ва дар пардохт намудани маблағи шартнома танқисӣ мекашанд, минбаъд чунин имтиёз ҷорӣ карда мешавад: «Ташкил намудани озмуни "Китобхони беҳтарин", талаботи озмун, тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", ба назар гирифта шавад ва курсантони ғолиб метавонанд аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи шакли таҳсили буҷавӣ гузаронида шаванд».

539540541

Номбурда иштирокчиёни ҷамъомади идонаро бори дигар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, инчунин ифтитоҳи муассисаҳои навбунёди таълимӣ, ки дар тамоми қаламрави мамлакат дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ дарҳои худро ба рӯйи фарзандони мардуми Тоҷикистон боз карданд, самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, умри бобаракат, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ, хониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар озмунҳо орзу намуд.
Дар охир, курсантони фаъол Сабрина Қодирова, Ҷононаи Зикриллоҳ, Қурбоналӣ Сафарзода ва Хуршед Абдуллоев суханронӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки курсантони номбурда дар озмунҳои "Донишҷӯи сол", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд.

Азиза Давлатшоева,
номзади илмҳои педагогӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...