Омодагии факултети №4 Академияи ВКД барои соли таҳсили 2021-2022
Бо мақсади иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълим, доир ба оғоз гардидани соли нави тахсили 2021-2022, санаи 24 августи соли 2021, зери роҳбарии муовини сардори факултети №4, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. бо иштироки шуъбаи таълим, сардорон ва омӯзгорони кафедраҳо, инчунин дигар кормандони шуъбачаҳои ёрирасони факултет ва роҳбарияти воҳидҳои низомӣ, бо супориши бевоситаи сардори факултети № 4, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., ҷаласа гузаронида шуд.
Тибқи рузномаи ҷаласа ҳолати омодагии кафедраҳои факултети №4 вобаста ба соли нави таҳсили 2021-2022, тақсимоти сарбории ҳайати омӯзгорону професорони кафедраҳо мувофиқи низомномаи муқарарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодасозии маводҳои таълимӣ аз қабили барномаҳои таълимии фаннӣ, силабусҳо, нақшаи мавзӯъҳо, лексияҳо ва дигар маводҳои истифодашаванда дар самти таълиму тарбия аз тарафи роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба омода будани ҷадвали дарсӣ ба қисми таълим ва ба роҳбарияти воҳидҳои низомӣ ҷиҳати омодасозии синфхонаҳои таълимӣ барои қабули курсантон, аз ҷумла таъмин намудани синфхонаҳо бо мизу курсиҳо ва дигар лавозимотҳои зарурӣ, супоришҳои қатъӣ дода шуда, муҳлати иҷроиш низ муайян карда шуд.
Ҳамзамон қисми хоҷагидорӣ ва қисми тиббии факултет вазифадор карда шуд, ки то оғози соли таҳсил ҳудуди факултет рӯбу чин ва тоза карда шуда, саҳни факултет бо байрақчаву дигар овезаҳо оро дода шавад. Гузашта аз ин синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва ҳудуди факултет барои пешгирии ҳама гуна касалиҳо ва пайдо шудани ҳашаротҳои зараровар корҳои безараргардонӣ (дезинфекция) гузаронида шавад.
Дар охир ҷаласа ба чунин қарор омад, ки ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки аз тарафи шуъбаи таълим ва роҳбарияти факултет ба саҳми ҳозирин расонида шуд, шахсони масъули кафедра ва шуъбаҳо дар мӯҳлати муқарраргардида ба иҷро расонида аз натиҷааш ба унвони роҳбарияти факултет ба таври хаттӣ маълумотнома пешниҳод намоянд. Аз ҷараёни ҷаласаи мазкур протокол омода карда шуд.
Муминӣ А.Б., сардори кабинети
кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва
такмили ихтисоси факултети №4