Иштироки курсантони Академияи ВКД дар даври дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», эълон гардид.
Озмун бо маққади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, эълон гардид.
Роҳандозию баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», воқеан, аз шоёнтарин корҳо, аз беҳтарин барномаҳо, аз муҳимтарин тадбирҳо ва волотарин иқдомҳои фарҳангии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баргузории озмун лаёқату маҳорати эҷод¬корию маърифатофариро тақвият бахшид, дӯстдорони каломи бадеъро бо ин шеваи ҳавасмандӣ дарёфт, истеъдодҳоро аз байни наврасону ҷавонон кашф ва ба ин васила ба арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳтиром гузошта ҳувияту худшиносии миллатро боз ҳам баланд бардошт.
Тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2021 ба тасвиб расид, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», таҳия гардида, Комиссияи озмун дар ҳайати сардорони факултетҳо, кафедраҳо тартиб дода шуд. Моҳи феврали соли 2021 дар байни кормандон ва курсантони Академияи ВКД ҶТ озмуни зикргардида эълон карда шуд.
Аз 11-уми майи соли 2021 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар байни курсантон оғоз гардид. Дар даври якуми озмун зиёда аз 300-нафар курсантони Академияи ВКД иштирок намуданд, бо дарназардошти шумораи зиёди курсантон, охири моҳи май (27-28-майи соли 2021) даври такрории озмун дар байни ғолибони озмуни даври якум баргузор гардид. Курсантоне, ки дар озмун ғолиб баромаданд, ба даври дуюми озмун, яъне даври ноҳиявӣ, ки дар ноҳия Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
28-уми июли соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври дуюм (ноҳиявии) озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Курсантони Академияи ВКД аз рӯйи номинатсияи адабиёти классик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, адабиёти бачагона иштирок ва баромад карданд.
Имрӯз (05.08.2021) дар Муассисаи таҳсилоти умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе натиҷаи даври дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст ва эълон гардид.
Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки се нафар курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд:
1. Назаров Хайрандеш- курсанти курси сеюми гурӯҳи тахлимии 308, сзовори ҷойи якум аз номинатсияи адабиёти бачагона.
2. Маҳмадуллозода Довудхуҷа- курсанти курси сеюм, гурӯҳи таълимии 302, ҷойи дуюм аз номинатсияи адабиёти муосир.
3. Ҷононаи Зикриоллоҳ- курсанти курси сеюми гурӯҳи таълимии 305, ҷойи дуюм аз номинатсияи адабиёти бачагона.
Ба курсантон ғолибият дар даври шаҳри ва ҷумҳуриявиро таманно мекунем.
Бояд зикр намуд, ки роҳбари илмии курсантони номбаршуда сардори кафедраи забонҳо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент полковники милитсия Давлатшозода Азиза мебошад. Ногуфта намонад, ки курсантоне, ки сазовори чои намоён гаштанд аз чониби Вазири корхои дохили мутарам Рахимзода Р.Х бо мукофототои пули сарфароз гардонида шуданд.
Давлатшоева А.Ш.