Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи намояндагони Академияи миллии политсияи ВКД Фаронса ва лоиҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ” (LEICA) ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

610

Мутобиқи супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода, санаи 22 июли соли ҷорӣ соати 16.00 ба Академияи ВКД Директор оид ба омӯзиш ва робитаҳои байналмилалии Академияи миллии политсияи Вазорати корҳои дохилии Фаронса, Комиссари дивизия ҷаноби Лоран Москателло ва директори лоиҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ” (LEICA), ҷаноби Генаэл Ле Бретон ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., сардори ШТИваТН Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковник милитсия Насуриён П.А., сардори факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Нозирӣ Н.А., сардори факултети № 5 Академияи ВКД, майори милитсия Меҳруллои Нурулло, сарнозир оид ба робитаҳои байналмилалии ШТИваТН, полковники милитсия Каримова Л.М пешвоз намудаанд.

611612

Мақсади ташриф овардан ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Академияи милии полиси ВКД Фаронса ва Академияи ВКД ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар самти муқовимат бар зидди терроризм ва пешгирии экстремизми таҷовузкорона буд.
Директор оид ба омӯзиш ва робитаҳои байналмилалии Академияи миллии полиси Вазорати корҳои дохилии Фаронса, Комиссари дивизия ҷаноби Лоран Москателло иттилоот дод, ки Академияи миллии политсияи ВКД Фаронса (ENSP) - муассисаи пешрафти политсияи Фаронса мебошад, ки барои комиссарони политсия омӯзиши ибтидоӣ медиҳад (кормандони баландпояи политсияи оперативии салоҳияти махсуси ҳифзи тартибот). ENSP - муассисаи идоракунии давлатии шаҳрвандӣ мебошад, ки мустақиман бо Раёсати генералии политсияи миллӣ алоқаманд буда, барои кормандони политсияи миллӣ ва инчунин афсарони калони политсияи кишварҳои шарики хориҷӣ омӯзишҳои ибтидоӣ ва доимӣ медиҳад. Муҳлати таълим дар академия 2 сол буда аз се қисм иборат мебошад. Дар академияи мазкур таълим танҳо бо забони фаронсавӣ дода мешавад, барои ин, довталабе, ки ба ин муассиса дохил мешавад, ин забонро бояд пурра донад.
Директори лоиҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ” (LEICA), ҷаноби Генаэл Ле Бретон иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур барои гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии экстремизм нақшаи кории 3-сола тасдиқ намуда, мувофиқи он барои мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, корҳои дохилӣ тренингҳои омӯзишӣ бо ҷалб намудани мутахассисон аз кишварҳои хориҷӣ (аз ҷумла, Россия, Гурҷистон ва ғ.) омода мебошад.

613

Баъди мулоқот тарафҳо изҳори умедвор баён намудаанд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши дутарафа устувор хоҳад шуд.
Баъд аз он тарафҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...