Санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Соати чори субҳи имрӯз – 22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алалхусус Академия ВКД ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» ҳайати шахсии Академия бо борхалтаҳои саҳроӣ ва номгӯи талаботи ҳарбӣ ба ҳар як корманд гузаронида шуд. Дар ҷорабинии мазкур ҳайати шахсии Академияи ВКД фаъолона ширкат намуда, тайёрии пухтаи касбӣ нишон доданд.
Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Бояд гуфт, ки артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.