Баррасии тадқиқоти диссертатсионии доктории Раҷабзода Равшан Муҳитдин дар мавзӯи «Фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ ва методологӣ»
Дар таърихи 24 июни соли 2021 ҷаласаи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст сухани ифтитоҳиро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз намуда, иброз намуд, ки барои мо профессорону омӯзгорон боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти диссертатсионии доктории дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Раҷабзода Равшан Муҳитдин дар мавзӯи «Фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ ва методологӣ», ки аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ омода гардидааст, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад. Мусаллам аст, ки мавзӯи рисолаи илмии мазкур яке аз мавзӯҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро, дар шароити муосир баланд бардоштани нақши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти онҳо аз ҷаҳонбинӣ, шуури касбӣ ва сатҳи фарҳанги ҳуқуқии онҳо вобастагӣ калон дорад.
Сипас ҷаласаи мазкурро сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Заробидинзода Сулаймон Заробидин идома дода, тибқи тартиби муайяншуда нахуст сухан ба довталаби дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба н.и.ҳ., дотсент Раҷабзода Равшан Муҳитдин вогузор намуд. Раҷабзода Р.М. дар баромади худ вобаста ба мубрамияти мавзӯъ, навгонии он ба ҳозирин маълумот манзур намуданд.
Минбаъд муқарризони зерин ба навбат баромад намуда, тавсияҳои худро манзур намуданд:
Зоир Ҷурахон Маҷидзода – сарходими илмии Институти фалсафа, политология ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1, генерал-майори милитсия;
Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, професссор;
Буризода Эмомалӣ Бозор – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.
Дар умум ҳар як муқарриз тадқиқоти диссертатсионии баррасишавандаро мусбӣ арзёбӣ намуданд. Гузашта аз ин, дотсенти кафедра, сардори ШТИ ва ТН Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. иброз намуд, ки ӯ низ ин рисолаи илмиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба таври мухтасар кори мазкурро тавсиф намуда, ба мазмуни он баҳои баланд дод.
Ҳамзамон дигар ҳайати профессорону омӯгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили сардори факултети №1, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Р.Р. Раҳматҷонзода, сардори факултети №2, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Ҳ.С. Сафарзода, сардори шуъбаи адъюнктура, н.и.ҳ., полковники милитсия Н.М. Самиев, сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, н.и.ҳ. А.Л. Арипов, сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, н.и.ҳ., майори милитсия А.Қ. Рустамзода, ходими калони илмии ШТИ ва ТН, н.и.ҳ., подполковники милитсия У.К. Муминов, дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, н.и.ҳ., капитани милитсия Абдулло А.Р., муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, н.и.ҳ., капитани милитсия Ғ.Н. Қодирзода, муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, лейтенанти калони милитсия Ҷалолзода С.И. ва диг. иштирок намуда, андешаҳои худро вобаста ба рӯзномаи ҷаласа баён намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа хулоса карда шуд, ки тадқиқоти диссертатсионии доктории Раҷабзода Равшан Муҳитдин дар мавзӯи Фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ ва методологӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба бандҳои 10-14 ва 16 - Тартиби додани дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, таҳти №505 ба тасвиб расидааст, ҷавобгӯ буда, минбаъд он ба ҳимоя барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ тавсия карда шавад.
Заробиддинзода С.З., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия