Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузр гардидани он-лайн конференсияи байналмилалӣ

600

Барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои қудратӣ, алалхусус, донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият маҳсуб буда, танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ тайёр намудани кормандони баландихтисосе, ки аз ӯҳдаи ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории на танҳо маҳдуд, балки дар миқиёси байнидавлатӣ қобилиятдошта мумкин аст.
Вобаста ба ин, якумин бор дар таърихи Академияи ВКД, дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа санаи 6 июли соли 2021 мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии «Муқовимат бо таҳдиди нашъамандӣ дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ: мушкилот ва дурнамо» (Противодействие наркоугрозе в условиях глобализации информационного пространства: проблемы и перспективы), ки таҳти сарпарастии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар ш. Ереван (Ҷумҳурии Арманистон) баргузор гардид, иштирок намуданд. Конференсияи мазкур аз тарафи Политсияи Ҷумҳурии Арманистон дар ҳамкорӣ бо Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои хатарноки ҷиноят дар қаламрави давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ташкил шуда, дар Комплекси таълимии Политсияи Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид.
Дар конференсия кормандони мақомоти корҳои дохилӣ (политсия), муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои ИДМ аз Россия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қиргизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроия ва мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ дар соҳаи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ директори Департаменти ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо даъватҳо ва таҳдидҳои нави Кумитаи иҷроияи ИДМ Буров А.А, муовини директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои хатарноки ҷиноят дар қаламрави давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ аз тарафи Россия, номзади илмҳои иҷтимоӣ, генерал-майори политсия Деревянко Э.В. ва сардори Комплекси таълимии Политсияи Ҷумҳурии Арманистон, генерал-майори политсия Бабаян М.А баромад намуданд.

601

Аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори конференсия сардори ШТИваТН Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., сардори факултети № 3 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Амруддинзода М.А., сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Арипов А.Л., муовини сардори шуъбаи таҳлил ва ташкили корҳои оперативии РМГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саломатова С.Д., муовини директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои хатарноки ҷиноят дар қаламрави давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ аз тарафи Тоҷикистон, полковники милитсия Фатозода А.А. иштирок намуданд.
Аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он-лайн конференсия сардори факултети № 3 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Амруддинзода М.А. бо маърӯза дар мавзӯи «Ташкил намудани чорабиниҳои ҳамоҳангшуда дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири транссарҳадӣ» (Организация согласованных мероприятий в сфере противодействия трансграничному наркотрафику) баромад намуд.
Дар рафти конференсия масъалаҳои асосҳои ҳуқуқӣ ва ҷанбаҳои ташкилии ҳамкории ВКД/Политсияи кишварҳои ИДМ дар мубориза бар зидди таҳдиди нашъамандӣ, ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба фурӯши маводи мухаддир, ки дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ бе алоқаи бевосита содир карда мешаванд, истифодаи василаҳои муосири пардохт дар ҳисоббаробаркуниҳои фаромарзӣ ва қонунигардонии даромади доруҳо, усулҳои муайян намудани доруҳои нави эҳтимолан хатарнок ва моддаҳои психоактивӣ, инчунин, масъалаҳои мубрами тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шудаанд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, иштирокчиёни конференсия резолютсияро қабул намуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...