Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо довталабон

597

- Шароити таълиму тадрис дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат беҳтар гардида, сол то сол сафи донишомӯзон меафзояд. Дар ин радиф, таваҷҷуҳ ба Академияи ВКД низ бештар гардида, довталабони зиёде пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин муассисаи таълимиро интихоб менамоянд ва мехоҳанд, ки дар оянда соҳиби номи пуршарафи курсант ва сипас, корманди мақомоти корҳои дохилӣ гарданд, - иброз дошт сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ зимни вохȳрӣ бо довталабон ва падару модари онҳо, ки рӯзи 6-уми июли соли равон доир гардид.
Мавсуф дар идома афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳисобида, тамоми шароити заруриро барои онҳо муҳайё сохтаанд.
Ҳамзамон, чун пешбарандаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ дар вохӯриҳояш бо ҷавонон иброз менамояд, ки онҳо таҷриба, малака ва маҳорати насли калонсолонро омȳхта, дар ҳаёти ҷамъиятӣ татбиқ созанд.
Сардори Академия дар идома зикр кард, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академия бо тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи замон сохта ба истифода дода шуд, ки моро водор месозад тамоми саъю кӯшиши худро ба хизмати содиқона ва софдилона баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона созем.

598599

Нуқтаи дигаре, ки дар ҷараёни вохӯрии мазкур иброз гардид, масъалаи роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми имтиҳонҳои қабул ва бовар накардан ба ҳар гуна шахсони тасодуфие, ки барои дохил шудан ба довталабон ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанду онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд, буд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Файзалӣ Шарифзода ба тамоми довталабон барои супоридани имтиҳонҳои дарпешистода муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

С. САФАРОВА,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...