Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

596Бузургони ҳар як кишвар дар ситоиши дӯстӣ сухан ронда, бо ин роҳ ҳидоятгари ҳамдигар барои дӯстӣ ва эҳтиром мешаванд.

Чунончӣ, шоири маҳбуби халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳу дӯстии халқҳои олам фармудаанд:
Одамон аз дӯсти ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ба ин андешаи тақдирсоз устод Мирзо Турсунзода замоне расиданд, ки ба чандин кишварҳои қитъаи Осиёву Африқо сафар карда, ниёзмандии башариятро ба дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ эҳсос намуданд. Хулосаи ин шоири бузурги мо он аст, ки инсон ба қадри дӯстиву рафоқат замоне мерасад, ки таъсири баду номатлуби душманиву ҷангу нифоқро бо чашмони хеш бубинад.
Яке аз сафарҳои дӯстонаи халқҳо, ки соли 2018 ба сарзамини Ӯзбекистон ҷараён гирифт, аз дидгоҳи ниёзмандии ҷомеаи инсонӣ ба дӯстиву рафоқат басо хотирмон буд. Хусусан, дидани ёдгорӣ – меъмориҳои шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухоро ва Хива хеле ҷолиби диққат ба назар расиданд.
Бо ибтикори оқилонаи Сарварони ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди гузаштани даҳсолаҳо дарвозаҳои дӯстӣ ба рӯи мардуми ду кишвар боз гардид ва ин дӯстӣ ба рӯи мардуми ду кишвар боз гардид ва ин дӯстӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шуд. Шоири ширинбаён Ӯлмас Ҷамол чунин дӯстиро бисёр мӯъҷизу дилпазир ба риштаи назм даровардааст.
Ҳанӯз дар солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Осоишгоҳи умумиитифоқии «Зумрад» амал мекард, ки аз тамоми гӯшаву канори олам мардум ҷамъ омада, истироҳат ва риштаи дӯстӣ барқарор мекарданд.
Давоми соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз шукӯҳи ин сафарҳо ва ҳузури меҳмонони хориҷӣ ба ин сарзамини зебоиву афсонамонанд бештар гардид. Соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда буд ва давоми як сол маълум гардид, ки мардуми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чӣ миқдор ба сафару боздид аз мамлакатҳои ҳамдигар ниёз доранд. Дар натиҷа, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин барои боз ҳам мустаҳкам шудани дӯстии мардуми дунё бо кишвари Тоҷикистон мусоидат намуд. Кушодашавии дубораи марзҳо имконият дод, ки дар як сафари хотирмон ва пурбор аз шаҳрҳои қадимаи ин кишвари ба мо дӯст Тошканду Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Хева, Намангону Чуст ва амсоли ин боздид ба амал оварда, ба зиёрати мазорати мубораки ин шаҳрҳо, ошноӣ бо маконҳои таърихиву фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас мушарраф гардида, бо расму оинҳои ин мардуми бародар шинос шавем.
Дар охир бори дигар шукргузорам, ки дар ҳақиқат, дар ҷараёни чунин сафарҳои пурбор, ки ба инсон барои маърифати оламу одам мусоидат мекунанд, сабақҳои зиёде омӯхтам, зеро мегӯянд: «Рӯи олам дидан, одам дидан аст»

Муминӣ Азизҷон Баҳодур,

сардори кабинети кафедраи

тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси

факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...