Баргузор намудани он-лайн семинари байналмилалӣ оид ба проблемаҳои каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Барномаи мақсаднокии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, санаи 25 июни соли ҷорӣ мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалл намудани онҳо» (Девиантное поведение несовршеннолетних и молодежи: проблемы и пути их решения) дар режими он-лайн баргузор гардид. Қайд намудан ба маврид аст, ки масъалаи мазкур дар Академияи ВКД мавриди омӯзиш қарор ёфта, мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Хусусиятҳои пешгирӣ ва воситаҳои мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ дар муҳити ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, таҳқиқоти имлӣ гузаронида шуда истодааст.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ аз тарафи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, муовини сардор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, полковники политсия Осипенко Анатолий Леонидович ва аз тарафи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур баромад намуданд.
Аз номи Академияи ВКД дар кори он-лайн семинар сардори ШТИ ваТН А.М. Мансурзода бо маърӯза дар мавзӯи “Ташаккули шуури ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун танзимкунандаи каҷрафтторӣ” (Формирование правосознания молодежи как регулятор девиантного поведения) ва сардори факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. бо маърӯза дар мавзӯи «Таҷрибаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизми динӣ дар байни ҷавонон» (Опыт органов внутренних дел Республики Таджикистан по противодействию религиозному экстремизму среди молодежи) баромад намуд.
Дар кори семинар инчунин дигар омӯзгорону мутахассисони Академияи ВКД ширкат варзиданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр