Чорабинӣ таҳти унвони “Дидори наслҳо”
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории чорабинии дидори ду насл, таҳти унвони “Дидори наслҳо” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорони меҳнат, шоирону адибон ва ҷавонону донишҷӯёни фаъол аз тамоми гӯшаву канори кишвар баргузор гардид.
Ҳамоишро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ифтитоҳ бахшид. Пас аз он собиқадорону шоирон вобаста ба дастовардҳои замони истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, зери роҳбарии раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон иштирок намуданд.
Баргузории чорабинии мазкур дар тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо нақши муассир мегузорад.
“Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД