Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад”

604

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи “Гули майда”-и ноҳияи Варзоб дар доираи Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад” семинари омӯзишии мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид. Дар семинари мазкур аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси “Шӯрои ҷавонон”-и Академия лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон иштирок намуд.
Дар оғози семинаи омӯзишӣ раиси Кумита Раҳмонзода Абдулло қайд намуд, ки саҳми устувор ва мавқеи якдилонаи ҷавонони мамлакат зери роҳнамоии пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки воқеан ҷавонони созанда ва худшиносӣ мо ба қадри арзишҳои муқаддаси милливу давлатӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шоёни Пешвои худ расида, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон иродаи қавӣ доранд.

605

Дар идомаи семинар раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад, мақсад аз баргузории Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад” ва семинари омӯзишии мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ маҳз ҳамин гуфтаҳои боло мебошад.

“Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...