Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми факултети №1 Академияи ВКД

601

Рӯзи 21-уми июни соли равон Маросими тантанавии дипломсупорӣ ба хатмкунандагони факултети №1 Академияи ВКД баргузор гардид.
Ин чорабинии тантанавиро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии идонаро ба Академияи ВКД хайрамақдам гуфта, хатми муваффақонаи шунавандагонро дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу сулҳпарвар ва афзудани заминаи кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳим арзёбӣ намуд.

602

Сипас хатмкунандаи факултети №1 Нидоев Шоҳрух ба роҳбарияти ВКД, омӯзгорони Академия барои таҳсил дар ин даргоҳи илму маърифат арзи сипос намуд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бори дигар ба хатмкунандагон садоқату самимият, хизматгузорӣ ба халқу Ватан ва баромадан аз иҷрои уҳдариҳои вазифаҳои хизматиро таманно намуд.

603

Сафарзода С.Н., Сафаров О.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...