Курсанти Академия - ғолиби чемпионати байналмилалӣ дар Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон
Устоди вариши дарҷаи байналмилалӣ, курсанти фаъоли курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия Самадова Миҷгона Абдусломовнаро ҳамчун чеҳраи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамагон мешиносанд, ӯ аз болои худ доимо кор карда, ғалабаҳои нав ба нави варзишӣ ба даст меорад.
Самадова Миҷгона Абдусломовна ҳамчун шахсияти ватандӯст борҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ боло бардоштааст. Вай дорандаи зиёда аз 31-медалҳои гуногун аз рӯи бозии бокси касбӣ ва кикбоксинг мебошад. Соли 2017 барандаи медали тиллоӣ дар бозbҳои Осиё дар шаҳри Ашқобод, соли 2019 дар шаҳри Москва барандаи медали биринҷӣ ва ниҳоят соли 2021 дар шаҳри Дубай дар чемпионати Осиё аз 21 то 31-май барандаи медали биринҷӣ дар намуди бокси касбӣ гардид.
Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокси касбӣ дар Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон моҳи июни соли 2021 Самадова Миҷгона Абдусломовна ғалабаи навбатӣ ба даст оварда, соҳиби ҷойи якум ва медали тиллоии мусобиқаи мазкур гардида, соҳиби 700-евро маблағпулӣ гардид.
Самадова Миҷгона Абдусломовна аз хурдӣ орзуи варзишгари ҷаҳонӣ ва корманди милитсияи тоҷик шуданро дар дил орзу дошт, ки ба давлату миллат содиқона хизмат намояд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия мудом Самадова Миҷгона Абдусломовнаро дастгирӣ намуда руҳбаланд менамоянд. Маҳз ин руҳбаландӣ аст, ки вай пайваста ғолибият ба даст меорад.
Бо ин дастоварди нав, ишғоли ҷои якум дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон, роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД Самадова Миҷгона Абдусломовнаро самимона табрик гуфта, дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ғалабаҳои нав ба навро ба ӯ таманно доранд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.