Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

597

Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июни соли 2021 конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ бахтномаи миллат» баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини сардор оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., оғоз бахшида, аз таърихи баста шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, омилҳои таҳкими истиқлолият дар кишвар, муҳимтарин шарти ободию осудагии кишвар ва маҳсуб гаштани сулҳу ваҳдат суханронӣ намуд.

Мувофиқи нақша сараввал Набиев В.М. - д.и.т., профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғ.Ғафуров дар мавзӯи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Ваҳдати миллӣ», сипас Олимӣ Ҳ. - муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия дар мавзӯи «Саҳми ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ва Самадзода И. - муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ поягузори сулҳ» баромад намуданд.
Сухани ҷамъбастиро муовини сардори факултети № 4 оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б ба самъи ҳозирин расонида меҳмони гиромиро бовар кунониданд, ки ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки барои муҳофизати ҳуқуқи шаҳрвандон мутахассисони баландихтисосро омода намоянд.

598599

Чорабинӣ хеле шавқовар пурмӯҳтаво гузашт, чунки байни меҳмонон ва иштирокчиён саволу ҷавоб ва баҳсҳои хусусияти илмӣ дошта доир карда шуд.

Дар охир туҳфаҳои хотиравӣ аз номи кормандони факултет ба меҳмон супорида шуд.

Абдуллозода Ф., муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...