СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ», санаи 15 июни соли 2021, семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ - асоси пешрафти ҷомеа», бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори семинари илмӣ, роҳбарияти Академияи ВКД, намояндагони шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашр, олимону коршиносони соҳа, омӯзгорони ботаҷриба ва аъзоёни ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Албатта, доир гардидани чунин ҷамъомадҳои илмӣ, конфронсу семинарҳо ва мизҳои гирд, пеш аз ҳама ба хотири арзиши бунёдӣ доштани Созишномаи мазкур буда, ҳамзамон аз нигоҳи илмиву таҳлилӣ баррасӣ намудани он паҳлӯи дигари семинари илмиро ташкил медиҳад.
Семинари мазкур бо суханони ифтитоҳии роҳбарияти Академияи ВКД кушода шуда, иштирокчиёни семинари илмӣ-назариявӣ, устодону шогирдон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон таҳният гуфта шуда, ба ҳамаи онҳо барору комёбӣ ва рӯзгори орому осуда, таманно карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки маҳз имзои ин Санади тақдирсоз, ки бо ҷонисориҳои фарзанди сарсупурда ва ҷонфидои миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Тоҷикистони азизи мо аз вартаи ҳалокати ва нобудии сиёсӣ раҳо ёфта, ҳоло чун кишвари дорои амнияту суботи комил ба ҷаҳониён беҳтарин намунаи ваҳдатофарӣ, яъне мадели хоси сулҳро пешниҳод намуда, дар раванди ҳалли мушкилоти саёраи инсонӣ ҳиссагузор мебошад.
Паҳлӯи муҳимтарини семинари илмиро масъалаи ҷойгоҳ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон ташкил медод, ки дар ин бахш кору пайкори созандаи ин абармарди дунёи сиёсат мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин, яке аз бахшҳои алоҳидае, ки ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардид, нақши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ мебошад. Дар ин бахш низ маърӯзаҳои алоҳида манзур гардида, аз далериву мардонагии он кормандоне, ки бар ивази ҷони хеш амнияту суботи ҷомеаро ҳифз намуда, мактаби қаҳрамониро ба насли имрӯзи милитсияи Тоҷикистон ҷовидон боқӣ гузоштаанд, ёдоварӣ карда шуд.
Дар формати кори семинари илмӣ-назариявӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ба масъулини шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳо ва дигар субъектони дахлдор супориш дода шуд, ки натиҷаҳои кори семинари илмиро дар ҷараёти таълим ҷорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии хеш васеъ истифода намоянд.
Самиъзода Б.С.