Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки курсантони Академияи ВКД дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Танҳо миллати босавод метавонад, насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.
Эмомалӣ Раҳмон

585

Халқи шарафманди тоҷик ҷашни бошукӯҳ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳбаландӣ ва ифтихори баланди ватанпарастӣ бесаброна интизор буда, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани он омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Дар тӯли сӣ сол, ки дар назди таърих муддати хеле кӯтоҳ аст, Тоҷикистон ба комёбиҳои намоёни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гашт, ки ҷамъбаст ва хулосабарорӣ аз онҳо дар таҳкими дастовардҳо ва иқдоми навбатии рушди ҷомеа хеле муҳим аст. Дастоварди беназир дар соҳаи забони давлатӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ низ ба даст омада, қазияи забон дар кори давлатдорӣ ҷузъи ҷудонопазири фаъолияти Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (рӯзҳои 28-29-уми майи соли 2021) олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои таҳсили 2020-2021 баргузор гардид.
Дар Олимпиада намояндагони 37 Муасиссаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.
Намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар Муассисаҳои олии таълимии кишвар, 3-нафар курсантони курси якум дар самти забондонӣ: аз фанни забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ дар чорабинии зикргардида иштирок намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани завқи забондонии курсантону шунавандагон, ки аз дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, дар баробари дарсҳои ҳатмӣ, барои баланд бардоштани сатҳи забондонии курсантону шунавандагон дарсҳои иловагӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ баргузор мегардад, инчунин баргузор намудани озмуни «Забондон» дар байни курсантон, баргузор намудани маҳфилҳои илмии курсантон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дигар чорабиниҳо аз сатҳи хуби забондонии курсантон дарак медиҳад.

586587

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланду шаффоф баргузор намудани олимпиадаи мазкур, забондонии довталабон ва ҳунару истеъдоди ҳозирҷавобии онҳо баҳои арзанда ёфта, курсантони Академияи ВКД: Ашуров Акбаршо - курсанти курси якуми гурӯҳи таълимии 102 аз фанни забони англисӣ, Нурматов Фирӯз - курсанти курси якуми гурӯҳи таълимии 113 аз фанни забони тоҷикӣ, Пулотов Азиз - курсанти курси якум гурӯҳи таълимии 102 -аз фанни забони русӣ низ дар қатори довталабони дигар Муассисаҳои олии таълимии кишвар сазовори «Ифтихорнома»-ҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Давлатшоева Азиза,
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...