Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони Академияи ВКД – пайравони Пешвои миллат

583Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад.
Кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Боиси таассуф аст, ки баъзе аз ҷавонони аз илму дониш дурмондаи мо ин ғамхориҳо, ҷоннисориҳо ва дастгириҳои давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба мо – ҷавонон нодида гирифта, ба мушкилиҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Қисме аз ҷавонон ба хотири пайдо намудани зиндагии хуб ба давлатҳои хориҷа рафта истодаанд. Гурӯҳе дигар бо сабабҳои гуногун худро вориди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намуда, то андоза аз ҷомеа бегона ва аз равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ берун монда истодаанд. Яъне, ҷузъе аз нерӯи ҷавонон на ба роҳи созандагӣ, балки рӯ ба самти бесуботкунии фазои ороми ҷомеа майл доранд. Мушкилоти асосӣ ин ҷо, яке ноумедӣ аз ояндаи хеш бошад, дуюм набудани орзуву нақшаҳои воқеӣ ва паст будани сатҳи дониш, бемаърифатӣ дар байни ҷавонон ба шумор меравад.
Мо, ҷавонон пайравони асили Пешвои муаззами милатамон ҳастем ва бояд ба суханҳои падари бузургамон ҳамеша гӯш кунем ва содиқ бошем.
Ман ҳамчун як ҷавонписари тоҷик Пешвои муаззами миллатро дар зиндагии идеали худ медонам. Зеро он амалҳо ва корҳоеро, ки Пешвоямон анҷом медиҳанд, бисёр ҳам дар ҳаёти мо нақши муҳим доранд. Бо ёрии падари азизамон дар ҷаҳон номи Тоҷикистонро имрӯз мешиносанд.
Бо ифтихор мегӯям, ки мо ҷавонон, курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боварию эътимод ва дастгириҳои давлату Ҳукумат, ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, имрӯз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои таълимии олии кишвар табдил гардида, сол то сол бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ, инфрасохтори муосир, биноҳои наву замонавии хизматию маишӣ ва дигар лавозимоти муҳими истифодашаванда дар фаъолияти хизматӣ таъмин гардидааст, ки мо ҷавонон ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро мебояд, беш аз пеш ҷиҳати таъмини тартиботу пешгирии ҳар гуна амалу кирдори халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ муборизаи беамон барем.
Метавон гуфт, ки мо курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси ҷавонмардию фидокориро аз собиқадорони мақомоти милитсия ва фарзона-фарзандони халқи тоҷик чун Пешвои муаззами миллат аз бар намуда, баҳри пойдории сулҳу суботи миллату давлати азизамон-Тоҷикистон содиқона хизмат мекунем ва халқу Ватанро бовар мекунонем, ки барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хештаншиносии ҳамсолони худ чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, маҳфилҳо гузаронида, дар тарбияи ҳамаҷонибаи ҳамсолон ва шаҳрвандон ҳиссагузор мешавем.

Содиқов Муҳаммадҷон Муҳидҷонович, аъзои "Шӯрои ҷавонон"-и

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сержанти хурди милитсия,

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...