Семинари илмӣ-назариявӣ дар Факултети №4 Академияи ВКД
Рӯзи 8-уми июни соли 2021 дар факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзуи «Пешгирӣ ва барҳам задании бетартибиҳои оммавӣ» бо иштироки муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., муовини командири қисми ҳарбии 3501 Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ подполковник Аламшозода И.Т., нозири калони ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Турсунов Р., сардори шуъбаи хизмати РХДО, майори хизмати дохилӣ Ҷураев С., устодону омӯзгорон ва курсантон баргузор гардид.
Семинари илмиро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., ҳусни оғоз бахшида ба хатмкунандагони гуруҳи Қӯшунҳои дохилӣ хотиррасон кард, ки онҳо пас аз хатми Академия дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ба вазифаҳои гуногун таъин мешаванд ва барои ба сарбозони навдаъват омӯзонидани рукнҳои асосии банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус оиди пешгирӣ ва барҳам задании бетартибиҳои оммавӣ бояд омода бошанд.
Дар рафти семинар инчунин муаллими калони кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ, подполковник Исмоилзода О.Н., дар мавзӯи «Банақшагирии амалиёти махсуси «Гирдбод»», муовини командири қисми ҳарбии 3501 оид ба тайёрии ҷангӣ Аламшозода И.Т., дар мавзӯи «Вазифаҳои Қӯшунҳои дохилӣ ҳангоми амалиёти махсуси «Гирдбод»», нозири калони ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Турсунов Р., дар мавзӯи «Вазифаҳои ситоди оперативӣ ҳангоми амалиёти махсуси «Гирдбод»», сардори шуъбаи хизмати РХДО майори хизмати дохила Ҷураев С., дар мавзӯи «Вазифаҳои хадамоти оташнишонӣ дар амалиёти махсуси «Гирдбод»» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар хотимаи семинари илмӣ – назариявӣ байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида масъулини соҳа доир ба моҳият ва мафҳуму муҳтавои амалиёти махсус оид ба пешгирӣ ва барҳам задании бетартибиҳои оммавӣ, ибрози андеша намуданд.
Абдукаримзода М.А., муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ, лейтенанти калони милитсия