Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми тантанавии афсарони ҷавон дар Коллеҷи милитсия

580

Рӯзи 8-уми июни соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб маросими ботантана хатм намудани 124 нафар афсарони ҷавони Коллеҷ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кулоб, полковники милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ш.Кӯлоб, подполковники милитсия Наимзода Мустафо Имом, падару модарон ва наздикону пайвандони курсантон ва рекрутон иштирок доштанд.

1369

Нахуст дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким баромад намуда, зикр кард, ки имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатмкунандагони ин даргоҳи маърифат гузашта истодааст, ки ин барои хатмкунандагон ва волидони онҳо рӯзи фаромушнашавандаю хотирмон мебошад.
Ин муассисаи низомӣ моҳи августи соли 2014 бо дастгирии ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд ва дигар шаҳрвандон таъсис дода шуда, он соли 2015 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Чи тавре, ки мебинем Сарвари Давлат ба чунин табақаи ниёзмандон чи гуна ғамхориҳо менамояд ва бояд Шумо курсантон пайваста баҳри аз бар кардани илму дониш кӯшиш намоед ва барои вазифаҳои дар пеш истода худро омода созед.
Рӯзҳои наздик Шумо хатмкунандагон баҳри иҷрои вазифаҳои таъиншуда сафарбар мешавед ва зимни фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дониш, маҳорат ва малакаи касбии худро пайваста сайқал дода, бо дасту дили пок дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳиссаи худро гузошта, ба халқу Ватан, миллат ва Сарвари Давлат хизмат намуда, ба касби интихобкарда ва Савганди ёдкардаи хеш содиқ хоҳед монд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. дар фарҷоми суханронии хеш, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагонро ба ин рӯзи хотирмон табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, саодатмандӣ ва дар иҷрои вазифаҳои дар пеш истода барору комёбиҳои беназир таманно кард.
Сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кулоб, полковники милитсия Давлатзода Р.Қ. ба сухан баромада, хатмкунандагонро ба ин рӯзи фаромушнашаванда табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаашон барору комёбиҳои беназир орзу намуд.
Сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Умари Х.А. зимни суханронӣ хатмкунандагонро ба ин рӯзи хотирмон табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ҷодаи кору пайкор барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Волидайни курсант, Ҳилолов Назирмад зимни суханронии хеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки фарзанди ман муддати 4 сол дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил намуда, айни ҳол сарбаландона муассисаи таълимиро хатм намуда истодааст. Мавсуф аз номи худ ва аз номи ҳамаи волидони курсантон ба ин ҷавонон сиҳатмандӣ ва содиқ будан ба касби интихобкардаро таманно намуда, таъкид сохт, ки мисли падару бобоёни хеш дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳояшон тамоми неру ва ҳаёташонро дареғ надоранд.

1370137113721373

Хатмкунанда, Шарифзода Муҳаммад зимни баромади хеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда қайд намуд, ки барои мо ҷавонон ин муассисаи низомиро таъсис доданд ва имрӯз мо сарбаландона ин муассисаро хатм намудем. Ман боварӣ дорам, ки мо хатмкунанадагон дар оянда боз ҳам маҳорату малакаи худро сайқал дода, ба халқу Ватан содиқонаю софдилона хизмат хоҳем кард.
Курсанти курси 1 Ҳайдарова Мадина аз ҷониби курсантон ба сухан баромада, хатмкунандагонро ба ин рӯзи фаромушнашаванда табрик намуда, иброз дошт, ки бо дилу ҷон илму донишро аз бар карда дар оянда баҳри таъмини назму низом донишу маҳорати хешро дареғ намедоранд.
Дар анҷоми чорабинии мазкур аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ, барои курсантон ва меҳмонон дастархони идона ороста шуда, бо намоиши консертӣ табъи онҳо болида гардонида шуд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...