Маросими тантанавии хатми курсантони Академияи ВКД
Рӯзи 7-уми июни соли 2021, майдони сафороии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идона ба бар намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон парафшон гардид. Маросими тантанавии дипломсупорӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбиро иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.
Ин чорабинии тантанавиро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз намуда Суруди миллии Тоҷикистон иҷро карда шуд.
Хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди роҳбарият, ҳайати омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидони онҳо ин даргоҳи илмро бо ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ», «Бехатарӣ аз сӯхтор», «Дифоъ дар ҳолатҳои фавқулода» ботантана хатм намуда, соҳиби дипломи маълумоти олӣ ва бо рутбаҳои аввалини афсарӣ сазовор гардиданд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии идонаро ба Академияи ВКД хайрамақдам гуфта, хатми муваффақонаи курсантонро дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу сулҳпарвар ва афзудани заминаи кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас бо мароқи том муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. хатмкунандагонро аз номи ВКД самимона табрик гуфта, иброз намуд, ки онҳо насли хушбахтанд, ки дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Иди Ваҳдати миллӣ ин даргоҳи муқаддасро хатм намуда, барои хизмати содиқона ба Президент, халқу Ватан раҳсипор мешаванд ва номи пурифтихори милитсияи тоҷикро соҳиб гаштаанд. Ҳайати профессорону омӯзгорони Академия дар тӯли 5-соли таҳсил баҳри сайқал додани савияи дониши назариявӣ ва амалии кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳиссаи босазои хешро гузоштанд, - илова намуд ӯ, ки хатмкунандагон ҳангоми кору фаъолият аз уҳдаи вазифаҳои пешниҳодгардида сарбаландона баромада, фаъолияти худро бо шаъну шараф идома медиҳанд ва мавсуф ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Сипас, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ зимни баромади хеш баён намуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзҳои нек насиби миллати мо гардидааст.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ дар тақвияти суханонаш илова намуд, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ будан, ифтихору сарбаландист ва ин масъулият дар назди мову шумо ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор, пешгирӣ ва муборизаи беамон бурдан ба ҷинояткорӣ, дониши мукаммал ва содиқ будан ба Савганди хешро талаб менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар беҳтарсозии шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тамоми кӯшишу талошҳоро равона намуда, баҳри баландихтисос гардидани кормандон, афзудани сафи олимони ҷавон ва донишу малакаи касбии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Сипас хатмкунандагон ва волидайни онҳо ба Пешвои миллат, роҳбарияти ВКД, омӯзгорони Академия барои 5-соли тахсил арзи сипос намуда, хатмкунандагон бо Парчами Академия хайрухуш намуда, «Ба Пешвои миллат, давлату халқ содиқона хизмат мекунем» - нидо намуданд. Ҳамчун рамзи эҳтирому қадршиносӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД аз тарафи хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ барои Осорхонаи Академияи ВКД туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бори дигар ба хатмкунандагон садоқату самимият, хизматгузорӣ ба халқу Ватан ва баромадан аз иҷрои уҳдариҳои вазифаҳои хизматиро таманно намуд.
Дар охири чорабинӣ, ҳайати шахсӣ бо расми гузашти тантанавӣ аз назди роҳбарияти ВКД ва Академия гузаштанд ва волидон онҳоро бо гулчанбарҳо бо ин рӯзи муборак самимона табрику таҳният намуданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.