Мизи мудаввар дар мавзӯи «Зӯроварӣ дар оила»
Рӯзи 3-юми июни соли 2021, дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи Такмили ихтисоси факултети №3, шунавандагон аз Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, омӯзгорону курсантон мизи мудаввари академиявӣ дар мавзӯи «Зӯроварӣ дар оила: таърих, проблемаҳои мафҳуми он дар қонунгузории амалкунанда ва вазъияти имрӯзаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ ироа намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи оила таваҷӯҳи хос намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд: «Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ аст. Агар оила солим бошад, назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим ва дар маҷмӯъ, ҷомеа солим мегардад».
Сипас маърӯзаҳои зерин шунида шуданд: Саидзода З.А. – муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия маърӯза дар мавзӯи «Нақши ҳуқуқи исломӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила»; Насуриён П.А. – сардори шуъбаи таълим, н.и.ҳ., полковники милитсия маърӯза дар мавзӯи «Проблемаҳои татбиқи амалии меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила»; Хайруллоев Ф.С. – н.и.ҳ., маърӯза дар мавзӯи «Проблемаҳои мафҳуми зӯроварӣ дар оила дар ҳуқуқи маъмурӣ»; Арипов А.Л. – сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, н.и.ҳ., подполковники милитсия дар мавзӯи «Порядок производства по делам связанным с насилием в семье»; Абдурашидзода А.А. – котиби Шӯрои олимони Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия маърӯза дар мавзӯи «Хавфи зӯроварии рӯҳӣ дар оила»; Муҳаммад С.А. – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, н.и.с., подполковники милитсия маърӯза дар мавзӯи «Зӯроварӣ дар оила»; Заробидинзода С.З. – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2, н.и.ҳ., капитани милитсия маърӯза дар мавзӯи проблемаҳои муайян намудани мафҳуми зӯроварӣ дар оила дар ҳуқуқи ҷиноятӣ».
Сухани ҷамъбастиро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ ироа намуда, мизи мудаввар як қатор тавсияҳои муфидро қабул намуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.