Курсанти Академияи ВКД ғолиби чемпионати Осиё дар шаҳри Дубай гардид
Устоди дарҷаи байналмилалӣ, курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия Самадова Миҷгона Абдусаломовнаро ҳамчун чеҳраи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мешиносанд.
Ӯ борҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло бардоштааст. Вай дорандаи зиёда аз 30-медал аз рӯи бозии бокси касбӣ ва кикбоксинг мебошад.
Соли 2017 барандаи медали тиллоӣ дар бозҳои Осиё дар шаҳри Ашқобод, соли 2019 дар шаҳри Москва барандаи медали биринҷӣ ва ниҳоят соли 2021 дар шаҳри Дубай дар чемпионати Осиё аз 21 то 31-юми май барандаи медали биринҷӣ дар намуди бокси касбӣ гардида, бо маблағи 2500 доллари амрикоӣ мушарраф гардид.
Самадова Миҷгона Абдусаломовна аз хурдӣ орзуи варзишгар ва корманди милитсия шуданро дар дил мепарварид, ки ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намояд.
Бо ин дастоварди нав роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ӯро самимона табрик гуфта, дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият ғалабаҳои нав ба навро таманно доранд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Камолов Д.А.