Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд...
Меҳвари асосии фаъолияти факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро рушду такмили минбаъдаи маълумоти олӣ асоси ташкили раванди таълим, дар мутобиқат бо принсипҳои асосии маълумот дар ҷумҳурӣ ва соҳаи фаъолияти афзалиятноку тараққиёбандаи дорои аҳамияти стратегидошта ташкил медиҳад, ки асоси онро инкишофи шахсият, ҷамъият ва давлат дар бар мегирад.
Дар ин радиф 1-уми июни соли 2021 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.
Ҷаласаро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. оғоз намуда, қайд намуд, ки ҷамъомади имрӯза оид ба шиносоӣ бо раиси комиссияи аттестатсияи хатм, аъзоён, инчунин раисон, аъзоён ва котибони комиссияҳои фаннии аттестатсияи хатм, ки дар асоси фармоишҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва сардори Академия таъйин шудаанд, бахшида шуда, инчунин дар ин раванд дигар паҳлуҳо ва масъалаҳо оид ба раванди таълим алоқаманд баррасӣ мегарданд.
Баъдан фармоишҳои ВКД «Дар бораи таъйин намудани ҳайати комиссияи аттестатсияи хатм дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020-2021» ва Академияи ВКД «Дар бораи тасдиқи аъзо ва котибони комиссияҳои фаннии аттестатсияи хатм дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021» аз тарафи сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Насуриён П.А. ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Дар идомаи ҷаласа раиси комиссияи аттестатсияи хатм, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. суханронӣ намуда, махсусан қайд намуд, ки вобаста ба ташкил ва баргузории имтиҳоноти хатм дар факултети № 1 Академияи ВКД ҳадафи ягона аз вохӯриашон бо ҳайати комиссияи аттестатсияи хатм – ин ба таври шаффоф баргузор намудани ҷараёни имтиҳоноти давлатӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба донишҳои назариявии хатмкунандагон мебошад.
Мавсуф қатъиян талаб намуд, ки ба ҳолатҳои коррупсионӣ, тамаъҷӯӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб роҳ дода нашавад. Дар ин самт муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилиро ба самъи ҳайати комиссия ва хатмкунандагони факултети № 1 Академияи ВКД расонида, барои ба низом даровардани баъзе самтҳои фаъолияти таълимӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, чунин қайд кард, ки ҳамасола дар гирду атрофи комиссияи имтиҳоноти хатм нафароне ёфт мешаванд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба ин раванд халал ворид сохта, аз номи кормандони масъул баромад намуда, ба миёнаравӣ машғул мешаванд, ки дар натиҷа таъсири манфии он дар умум ба фаъолияти кории Академия оварда мерасонад. Дар ин робита иловатан таъкид намуд, ки шахсони масъули комиссияи имтиҳонотии хатм дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба таври шаффоф ба роҳ монанд. Дастур дода шуд, ки вобаста ба пешгирии содиршавии ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳ надодан ба рафторҳои ғайриоинномавӣ аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Дар ин самт ба таври қатъӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад. Қайд гардид, ки дар асоси талаботи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат ба шахсоне нисбаташон маълумоти дорои чунин хусусият дошта ворид мешавад, фавран чораҳои интизомӣ, то озод гардидан аз мақомоти корҳои дохилӣ андешидан, пешбинӣ шудааст.
Дар охир муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии содиршавии ҳолатҳои коррупсионӣ ҳар як аъзои комиссияҳои имтиҳонотии хатмро ҳушдор доданд, ки эҳтиёткор бошанд ва ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳанд, ба обрӯю эътибори худ ва мақомоти корҳои дохилӣ доғ наоваранд.
Сардори Академия дар сухани ҷамъбастӣ қайд намуд, ки риояи интизоми хизматӣ оид ба риояи пӯшидани сару либос, симои зоҳирӣ ва одоби муошират дар байни ҳайати шахсӣ низ тавсияҳо дода шуда, аз аъзоёни комиссия аттестатсия хатм талаб карда шуд, ки чунин тартиботро дар байни хатмкунандагон низ ҷорӣ ва риояи онро аз онҳо талаб намоянд.
Қосимов Ф.М., сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1, н.и.ҳ., полковники милитсия.
Ҳалимзода Д.О., Муаллими кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1, лейтенанти милитсия.