Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии курсант аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ

562

Милитсияи қаторӣ Қодирова Сабрина курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2018-ум хизмат ва таҳсилро адо намуда истодааст. Ӯ соли 2018 мактаб-интернати ҷумхуриявии кӯдаконаи ятими ноҳияи Шаҳринавро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ хатм намуда, бо супоридани озмоишҳои дохилшавӣ моҳи августи соли 2018 ба ҳайси курсанти курси якуми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, то ҳол бо баҳои хубу аъло дар курси 3-юми факултети №2 таҳсил намуда истодааст.

Вай иштирокчии фаъоли чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, борҳо соҳиби ҷоиза, Сипоснома ва Ифтихорномаҳо гаштааст. Ӯ дар вақти таҳсил ва хизматаш ҳаракат мекунад, ки худро ҳамчун курсанти болаёқат нишон дода, тамоми Оинномаҳо ва дастурҳои ВКД-ро бечунучаро риоя намояд. Баҳри баланд бардоштани савияи донишаш кӯшиш намуда, супоришҳои роҳбарияти Академия ва факултетро дар сатҳи зарурӣ иҷро мекунад. Бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД борҳо ҳавасманд гардонида шудааст.

563564

Курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Қодирова Сабрина Вайсиддиновна ба барандаи номи «Донишҷӯи сол» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ сазовор гашт, ки ин ифтихори Акдемияи ВКД мебошад.
Дар маросими тантанавӣ аз ҷониби сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ба Қодирова Сабрина мукофоти молиявии Вазири корҳои дохилӣ супорида шуд.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...