Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД
Рӯзи 28-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии кормандони МКД: проблема ва дурнамои он» бо ширкати намояндагии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД ҶТ ва омӯзгорону курсантони Академия баргузор гардид.
Созмондиҳандагони конференсия кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД Академия буда, кори онро ба ҳайси модератор Саидзода З.А. - муовини сардори Академия оид ба илм,н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия оғоз намуда иброз намуд, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ Стратегияи ислоҳоти милитсия амалӣ гашта, як қатор натиҷахои самарабахши тақвияти кори милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар баробари ин масоили мазкур холо ҳам дар маркази таваҷҷуҳи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД ҶТ ва омӯзгорону курсантони Академия қарор гирифта дар ин конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Сипас дар мавзӯъҳои гуногун маърӯзаҳо бо диққати том шунида шуда, боиси баҳсу мунозираҳо гаштанд. Маърӯзаи Самадзода Ф.С. - намояндагии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ бо номи « Таърихи ислоҳоти милитсия: дастовардҳо ва дурнамои МКД дар самти дарёфти механизм ва усулҳои самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеа»,маърӯзаи Одинаев Наврӯз -намояндаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ бо номи «Бартарият,шаффофият ва уҳдадориҳо дар лоиҳаи Қонуни политсия»,маърӯзаи н.и.ҳ., Каримов Ҳ.-корманди Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД ҶТ бо номи «Рушди вазъи ҳуқукии кормандони МКД ҶТ»,маърӯзаи Асламов Б.С.-ходими калони илмии шуъбаи адъюнктура бо номи «Инъикоси фаъолияти милитсия дар ВАО», маърӯзаи н.и.ҳ.,Нурализода С.Ш. сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД. бо номи «Направления совершенствования административно-правового статуса сотрудника ОВД».
Маърӯзаҳо конференсия боиси муҳокимаи баҳснок қарор гирифта , дар мунозираҳои намояндаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ майори милитсия Шарифзода Х., намояндаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ Одинаев Н., корманди Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД ҶТ Каримов Ҳ. ва омӯзгорони Академия фаъолнокии баланд нишон дода,дар фарҷом тавсияҳои муфид аз ҷониби иштирокчиёни он қабул гардид.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.