Семинар дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Тибқи датуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» семинари якрӯза бо шунавандагони курси такмили ихтсос дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Семинари мазкур дар меҳмонхонаи «Атлас», воқеъ дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 майи соли 2021 бо шунавандагони курси такмили ихтисоси сарнозирон ва нозирони минтақавии милитсияи ШҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Семинари мазкур аз тарафи намояндагони Ташкилоти ҷамъияти «Инсон ва Адолат» бо сухани ифтитоҳӣ оғоз гардид.
Семинари омӯзишӣ ба хотири баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва риояи ҳуқуқи инсон равона шуда, ба амалигардонии «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» равона карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» Вазорати корҳои дохилӣ яке аз мақомоте, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Дар семинари мазкур аз тарафи мутахассисони ин ташкилот Хайруллоев Ф.С. ва Мустафоқулова И., баромадҳо дар мавзӯҳои: Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи гурезаҳо, низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, шаклҳои муҳоҷирати байналмилалӣ, тартиби муроҷиат оид ба гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти муайян кардани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои будубоши шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусияти баррасии парвандаҳои маъмурӣ нисбати шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо шунида шуд.
Мутобиқи барномаи семинар пас аз музокираҳо ба анҷом расид.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.