Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос

548

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти омӯзгоронро баланд бардоштан, қайд гардид.
Ҳадафи Роҳбарияти давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

549

Дар асоси нақшаи таълимии тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., аз 5 майи соли 2021 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар самти фаъоли-яти маъмурӣ бо кормандони муассисаи нақлиёти ва маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатарӣ»-и РБДА аз 10 май то 22 майи соли 2021 гузаронида шуд.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ин соҳа намояндагони РБДА, БММ Ин-терпол ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи Академия ва кафедраҳои тахас-сусиро барои гузаронидани машғулиятҳо сафарбар наму-данд.

550

Баъди хатми курси мазкур аз тарафи муовини сардори сардори Академия полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. ва сардори факултети №3 н.и.ҳ., подполковники милитсия Амрудинзода М.А. ба хатмкунандагон шунавандагони шаҳодатномаҳо дода шуданд.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...