Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳимояи марзи муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол -вазифаи ҳар як шаҳрванди он

547

(28-уми май Рӯзи сарҳадчиёни тоҷик)

Ёдовар мешавем, ки аз 28-уми майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 28-уми май ҳамчун Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.
Моддаи 7-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Тоҷикистон аз ВМКБ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракаҳо ва деҳаҳо иборат аст.
Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор менамояд, манъ аст.
Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд». (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе,2016.-С.6.)
«Марзи Ватан яке аз муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи давлат мебошад. Ҳимояи он қарзи конститутсионии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Мардум дар атрофи Пешвои худ муттаҳид шуда, аз пайи амалисозии ҳадафҳои стратегии худ аст. Давлати Тоҷикистон барои таъмини амнияти дохилию хориҷӣ талош меварзад. Ин талоши давлати моро Станислав З. - Дабири кулли СААД қайд кардааст, ки “Давлатҳои аъзои СААД ба сиёсати хориҷии муттасили сулҳхоҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таҳкими субот ва амнияти минтақавӣ равона шудааст, эҳтироми амиқ мегузорад. Кӯшишҳо ва ибтикороти раёсати Тоҷикистонро дар СААД дар соли ҷорӣ, ки бешубҳа ба таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ байни кишварҳои созмони мо мусоидат менамоянд, баҳои баланд медиҳем”- менависад, устоди ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ Ғозиева М.С. (Марз мукаддас аст! Манбаъи электронӣ.www.polytech.tj.Санаи муроҷиат 28-уми майи соли 2021).
Сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Тоҷикистон» муайян менамояд. (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, №15-16, мод. 254; № 23-24, мод. 333; соли 2001, № 4, мод. 197, 203; соли 2002 № 4, к.1, мод. 200; соли 2005, № 7, мод. 403; соли 2006, №11, мод. 470; соли 2008, №10, мод.801; соли 2009, № 3, мод. 94)
Мутобики Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар намудани Сарҳади давлатӣ, хати гузариш ва ҳимояи он, инчунин ваколатхои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд. (КЧТ аз 26.03.09, №501)
Моддаи 40. Иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ
Шаҳрвандон дар ҳайати иттиходияхои ҷамъиятӣ, дружинаҳои ихтиёрӣ, ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунхои сарҳадӣ ва дар дигар шаклҳо дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар асоси ихтиёрӣ иштирок менамоянд.
Тартиби ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ чалб намудани шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (Қонуни ҶТ «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997) .
Санаи 27-уми майи соли 2021 бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Марзбонони содиқи Ватан” чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба муҳофизони марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон ва кормандону хизматчиёни ин ниҳоди қудратӣ расонида, зикр намуд, ки суботу оромии кишвар самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат мебошад. Зикр гардид, ки саҳми кормандону афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар ва моликияти давлату шаҳрвандон беназир буда, ин рисолати худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро менамоянд. Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти қушунҳои сарҳадӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохиливу берунаи кишвар мубаддал гардид.Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Шоҳиён Абдусаттор ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Мирзозода Сафаралӣ Раҳим суханронӣ намуда, тамоми кормандону хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ва сокинону меҳмонони пойтахтро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Ба хотири эҳтирому эътимод ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои афсарону сарбозон, ба як қатор афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва волидайни онҳо, ки фарзандонашон имрӯзҳо содиқона дар ҳимояи марзу буми кишвар қарор доранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷоизаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Қӯушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт ва тибқи қонунгузории кишвар ҳамасола 28 май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азиз шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон хубтару беҳтар гардида истодааст. Сипас чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлоро ба Рӯзи сарҳадчиён табрику таҳният менамоем.

Асламов Б., Зоиров Ш., Убайдуллоев Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...